Вохурии Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкорон ватанӣ дар МОИ “Панҷ”

           Санаи  26.04.2024 сол  ба Маъмурияти  МОИ  “Панҷ”  яке  аз соҳибкорони  ватанӣ  Назри Солеҳов, ки самти  фаъолияташ  истеҳсоли  биогомус  барои ҳосилнокунии   заминҳои кишоварзи мебошад, ташриф оварданд.

          Ба соҳибкори мазкур оиди фаъолияти МОИ, қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозу гумрукӣ, инчунин вазъи кунунии МОИ маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додааш ҷавобҳои мушаххас гирифт.

        Сармоягузори ватанӣ, дар  охири суҳбат  изҳо намуд, ки баъди таҳлили  иқтисодӣ  барои  фаъолият намудан  дар МОИ  нақшаҳои  худро   пешниҳод  менамояд.