- 16.01.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: Стать субъектом
Гирифтани мақоми субъекти МОИ «Панҷ»
Бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – довталаб), ки хоҳиши гирифтани мақоми субъектҳои МОИ «Панҷ»- ро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.
Соҳибмулкони иншооти ғайриманқул, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ то таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зери иншоотҳои худро нигоҳ медоранд.
Ба соҳибмулкони иншооти ғайриманқули дар моддаи мазкур зикргардида имконияти дар муддати се соли давраи гузариш ҳуқуқи интихоб намудани низоми ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ё дар низоми муқаррарӣ мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дода мешавад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъекти бақайдгирифташудаи минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодиро месупорад.
Тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолият ва истифода кардани низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад.
Маъмурияти МОИ барои бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъектҳои МОИ ба довталаб ҳуҷҷати тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ дар МОИ «Панҷ»-ро медиҳад.
Тасдиқнома ҳуҷҷати бақайдгирии довталаб ба сифати субъекти МОИ ба ҳисоб рафта, барои дар ҳудуди МОИ «Панҷ» пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзҳову низомҳои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иҷозат медиҳад.
Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба амал намудани якчанд намудҳои фаъолият ҳуқуқ доранд.
Ба сифати субъектҳои МОИ «Панҷ» соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онҳо эътироф карда мешаванд, ки:
- ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, дар нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун, аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
- бизнес-нақша ё лоиҳаи сармоягузории пешниҳод намудаашонро дар назди комиссияи маъмурияти МОИ ҳимоя намудааст;
- шартномаи пешбурди фаъолиятро дар ҳудуди МОИ «Панҷ» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд;
- тасдиқномаи субъектҳои МОИ «Панҷ» – ро тибқи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, соҳиб гардидаанд.
Тасдиқномаҳо ба мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:
– тасдиқнома барои фаъолияти тиҷоратӣ ба мўҳлати то 10 сол;
– тасдиқнома барои фаъолияти истеҳсолӣ ба мўҳлати то 15 сол;
Арзиши сертификат барои ҳар гуна намуди фаъолият новобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва муомилоти мол, 5 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд ба чунин талабот мутобиқат намоянд:
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ – на камтар аз маблаҷи эквиваленти 500 ҳазор доллари ИМА;
- ворид намудани на кам аз 90 фоизи таҷҳизоти технологӣ – истеҳсолӣ;
- муҳлати пештараи истифодаи таҷҳизоти технологӣ – истеҳсолии воридшаванда на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти содиротию воридотӣ на камтар аз маблағи эквиваленти 50 ҳазор доллари ИМА;
- ҳаҷми сармоягузорӣ барои амалӣ намудани фаъолияти хизматрасонӣ – на камтар аз эквиваленти 10 ҳазор доллари ИМА;
- оғоз намудани фаъолият тибқи бизнес – нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, на дертар аз 2 сол аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ.
Довталаб барои гирифтани тасдиқномаи субъекти МОИ (минбаъд-тасдиқнома) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд – шартнома) ба имзо мерасонад.
Барои ба имзо расонидани шартнома, довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:
– ариза;
– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ”;
– намунаҳои имзоҳои шахсони ваколатдори довталаб.
Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо (намуна)
- Ариза дар шакли аз ҷониби Маъмурияти МОИ “Панҷ” тасдиқшуда
- Варақаи маълумотномаи ташкилот
- Анкета-дархост барои гирифтани тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”
- Қоидаи таҳияи бизнес-нақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешниҳод мегарданд
- Варақаи бизнес-нақша
Боздошти муваққатӣ аз фаъолияти субъекти МОИ
Боздошти муваққатӣ ва азнавбарқароркунии фаъолияти субъекти МОИ ва ё беэътибор донистани тасдиқномаи субъекҳоти МОИ, бо асосҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
Боздошти муваққатии фаъолияти субъектҳои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўҳлати то 3 моҳ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои дар поён пешбинишуда амалӣ мегардад:
- дар ҳолатҳои иҷро нагардидани шартҳои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз ҷониби субъектҳои МОИ «Панҷ»;
- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектҳои хизматрасонӣ ва таҷҳизоти МОИ «Панҷ» ва идомаи ин амалҳо новобаста аз огоҳ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;
- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои МОИ риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ё роҳ додан ба вайронкуниҳои тартибе, ки дар МОИ «Панҷ» муқаррар гардидааст;
Азнавбарқароркунии фаъолияти субъекти МОИ
Азнавбарқароркунии фаъолияти субъектҳои МОИ бо иҷозати Маъмурияти МОИ дар ҳолати иҷрои шартҳо ё аз байн бурдани сабабҳои боздоштани фаъолияти субъектҳои МОИ амалӣ карда мешавад;
Тартиби бозхонд аз мақоми субъекти МОИ
Бозхонди ихтиёрии мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ё барҳамхўрии шахси ҳуқуқи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Дар сурати аз тарафи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани муқаррароти шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи бозхонди мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад.
Бекор намудани (беэътибор ҳисобидани) тасдиқнома аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотҳо дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:
- агар муайян шавад, ки дар давоми мўҳлати дар шартҳои шартнома нишондодашуда сабабҳое, ки ба қатъи муваққатии фаъолияти субъектҳои МОИ асос гардида буданд, аз байн бурда нашудаанд;
- агар муайян шуда бошад, ки аз тарафи субъектҳои МОИ талаботҳои Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вайрон карда шудаанд.