СУБЪЕКТҲО

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҷиҳати татбиқи супоришу дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба рушди фаъолияти минтақа, пайваста тадбирҳо андешида истодааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маъмурияти минтақа, ин ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ ба минтақа мебошад. Бо ин мақсад, лоиҳаҳои афзалиятнок тањия шуда, ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешниҳод шуда истодаанд, ки онҳо коркарди маҳсулоти саноати сабук, саноати вазнин, коркарди меваю сабзавот, сохтмони корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, нуқтаҳои тиҷоратӣ, нақлиёти автомобилӣ ва таъмини аҳолии гирду атроф бо оби нӯшокиро дар назар дошта, барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарњангии минтақа ва ноњияњои вилояти Хатлон мусоидат хоҳанд кард.
То имрўз дар минтақа 14 субъекти ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 9 субъекти он фаъол мебошад. Аз ҷумла:

1. ҶДММ «Сантехник Сервис».

2. Роҳбари корхона: – Накимов Неъмат.
3. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Накимов Неъмат.
4. Санаи бақайдгирӣ:-18.04.2012 с, Шаҳодатномаи №0000000006
5. Самти фаъолият: Хизматрасонии сохтмонӣ ва тиҷорат.
6. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,04 млн. доллари ИМА.
7. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
8. Қитъаи замин (га): – 0,2 га (2 000 метри квадрати).
9. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 13/0 нафар.
10. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – Хизматрасонии сохтмонӣ.
11. Содирот (давлат): – Хизматрасонӣ дар дохили МОИ.
12. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият дорад. Майдасупоришҳои дар ҳудуди минтақаро иҷро менамояд.

2. ҶДММ «Милал-Интер Ҷойнт»

1. Роҳбари корхона: – Садиров Маҳманаби.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Садиров Маҳманаби.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 25.10.2012, Шаҳодатномаи №0000000007.
4. Самти фаъолият: – Хизматрасонӣ, истеҳсолот, савдо ва тиҷорат.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 1,050 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 1,0 га (10 000 метри квадрати). .
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 15/2-5 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолоти солона (тибқи бизнес-нақша): –
10. Содирот (давлат): – Хизматрасонӣ, истеҳсолот, савдо ва тиҷорат.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъол аст. Айни замон таҷҳизоти истеҳсоли ворид намудааст, ва дар натиҷаи васл намудан фаъолияти истеҳсолиро оғоз менамояд.

3. СИ «АВАЗОВ »

1. Роҳбари корхона: – Авазов Абдусалим.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ – Авазов Абдусалим.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 22.01.2016, Шаҳодатномаи №0000000012.
4. Самти фаъолият: – Бунёди сардхона, воридот ва содирот (тиҷоратӣ).
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,382 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0,2 га (2 000 метри квадрати).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): нақшавӣ/аслӣ – 30/0 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолоти солона (тибқи бизнес-нақша): – Нигаҳдории 300 ҳазор тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.
10. Содирот (давлат): – Тақвият бахшидани савдои назди сарҳад.
11. Вазъи кунунӣ: – Аз сабаби марги роҳбари корхона фаъолият надорад.

4. КФ ҶСП «ФОН – ДАРЁ».

1. Роҳбари корхона: – Абдуллоева Садафмо.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Абдуллоева Садафмо.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 14.10.2016 с, Шаҳодатномаи №0000000014.
4. Самти фаъолият: – Коркарди нафт ва истеҳсоли биоэтанол ва сузишворӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 4,725 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0,7 га (7 000 метри квадрати)..
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ – 18/2-6 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – Коркарди нафт, истеҳсоли биоэтанол ва сузишвории бензин – 18 000 тонна дар як сол.
10. Содирот (давлат): – Ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъол мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти сузишвории бензинро ба роҳ мондааст.

5. ҶДММ «БУРОҚ – 2 ЛТД».

1. Роҳбари корхона: – Ҳамади Моҳаммад Тоҳир.
2. Саҳмгузор: – ҶИ Афғонистон, Ҳамади Моҳаммад Тоҳир.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 06.04.2017 с, Шаҳодатномаи №0000000015
4. Самти фаъолият: – Хизматрасонӣ, воридот ва содирот, тиҷоратӣ семент ва ангиштсанг, харид ва фуруши масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли мол.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 2,0 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ: ҶИ Афғонистон.
7. Қитъаи замин (га): – 1,0 га (10 00 метри квадратӣ).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 13/2-10 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – Содироти 5 000 ҳазор тонна ангиштсанг, семент ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.
10. Содирот (давлат): – ба ҶИ Афғонистон ва ҶИ Покистон.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъол аст. Ба содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғул мебошад.

6. ҶДММ «ЁСУМИН»

1. Роҳбари корхона: – Исоев Қиёмиддин Қудратович.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ – Исоев Қиёмиддин Қудратович.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 26.04.2017, Шаҳодатномаи №0000000016.
4. Самти фаъолият: – Хариду фуруши автомобилҳои хориҷӣ, ташкил намудани хадамоти сервисӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ – экспедисионӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,200 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0 га.
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): -нақшавӣ/аслӣ – 10/0 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолоти солона (тибқи бизнес-нақша): – Хариду фуруши автомобилҳои хориҷӣ то 50 дона дар як сол.
10. Содирот (давлат): – ба ҶИ Афғонистон ва бозори дохилӣ.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият надорад.

7. ҶСП «АНСОР – ГРУПП»

1. Роҳбари корхона: – Рафиев Ансор.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Рафиев Ансор.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 23.07.2017 с, Шаҳодатномаи №0000000017
4. Самти фаъолият: – Коркард ва истеҳсоли ғӯллачаҳои ҷуворимакка.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,500 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0,2 га (2 00 метри квадратӣ)..
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ – 35/0 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – 100 тонна ғӯллачаҳои ҷуворимакка.
10. Содирот (давлат): – ба ҶИ Афғонистон ва бозори дохилӣ.
11. Вазъи кунунӣ: – Аз сабаби муфлисшави аз соли 2018 то ин ҷониб фаъолият намекар, лек дар натиҷаи ёри амали аз тарафи роҳбарияти маъмурият расонидан, дар рузҳои наздик таҷҳизоҳоро барои ба роҳ мондани истеҳсолот ворид хоҳад кард.

8. ҶСП «НУРИ СОМОНӢ»

1. Роҳбари корхона: – Цин Яндонг.
2. Саҳмгузор: – Ҷумҳурии Мардумии Чин – Цин Яндонг.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 25.12.2018, Шаҳодатномаи №0000000021.
4. Самти фаъолият: – Истеҳсоли аккумулятор ва панелҳои офтоби.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: 9,0 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ: ҶМ ЧИН.
7. Қитъаи замин (га): – 1,0 – 20,0 га (10 000 – 200 000 метри квадратӣ) .
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): нақшавӣ/аслӣ 47/0 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолоти солона (тибқи бизнес-нақша): – 300 ҳазор дона аккумулятор ва панелҳои офтобӣ.
10. Содирот (давлат): – ҶИ Афғонистон, бозори дохилӣ, Россия ва ғр
11. Вазъи кунунӣ: – Қисме аз масолеҳи сохтмонии бинои корхона ва қисме аз таҷҳизотҳои истеҳсолии корхонаро дар соли 2019 ба минтақа ворид намудааст. Пеш аз сар задани пандемия КОВИД 19 ба ҶМ ЧИН сафар намудааст, тариқи тамоси телефони аз фаъолият намудан даст кашидааст. Фаъолият надорад.

9. ҶДММ «ТТ – ПЛАСТИК»

1. Роҳбари корхона: – Зоҳир Закир Муҳаммад.
2. Саҳмгузор: – ҶИ Афғонистон – Зоҳир Закир Муҳаммад.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 04.04.2019 с, Шаҳодатномаи №0000000020
4. Самти фаъолият: – Коркард ва истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,500 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ: ҶИ Афғонистон.
7. Қитъаи замин (га): – 0,5 га (5 000 метри квадратӣ) .
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 23/3-8 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – 300 ҳаз. дона қуттиҳои пластикӣ.
10. Содирот (давлат): – ҶИ Афғонистон ва бозори дохилӣ.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият дорад.

10. ҶДММ «МУШКИ СИНО»

1. Роҳбари корхона: – Боев Илҳомҷон Дамдорович.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Боев Илҳомҷон Дамдорович.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 24.04.2020, Шаҳодатномаи №0000000023.
4. Самти фаъолият: – Истеҳсолот атриёт ва маводҳои антисептикӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,300 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0,6 га (6 000 метри квдрати).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ – 19/1 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолоти солона (тибқи бизнес-нақша): – аз 43 ҳаз то 170 ҳаз. дона қуттиҳои (флаконӣ) атриёт ва антисептик.
10. Содирот (давлат):- ҶИ Афғонистон, бозори дохилӣ ва то Ф.Россия
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъол аст. Қисме аз маҳсулотҳои истеҳсолиро ворид намудааст, ва ба даровардани таҷҳизот машғул мебошад.

11. ҶДММ «ТИҶОРАТ – СОХТМОН»

1. Роҳбари корхона: – Саидов Аҳлиддин Файзуллоевич.
2. Саҳмгузор: – Ватанӣ, Саидов Аҳлиддин Файзуллоевич.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 28.04.2020 с, Шаҳодатномаи №0000000024.
4. Самти фаъолият: Хизматрасони сохтмонӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,010 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Ватанӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 0,1 га (1 000 метри квадрати).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): -нақшавӣ/аслӣ – 19/2-9 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – Хизматрасони сохтмонӣ.
10. Содирот (давлат): – Хизматрасонии сохтмонӣ дар дохили МОИ.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъол мебошад. Бо корҳои хизматрасонӣ – сохтмонӣ инфрасохтори Маъмурияти МОИ “Панҷ” машғул мебошад.

12. ҶДММ «ТЕХНОЛОГИЯҲОИ – ОФТОБИ»

1. Роҳбари корхона: – СЮ Дун.
2. Саҳмгузор: – ҶМ Чин, СЮ Дун.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 27.12.2021 с, Шаҳодатномаи №0000000025.
4. Самти фаъолият: Истеҳсол ва ҷамъу васли Панелҳои офтобӣ, Аккумуляторҳо, автомашинаҳои барқӣ, мотосиклҳои барқӣ, моторолерҳои барқӣ, мотоскутерҳои барқӣ ва масолеҳи сохтмонӣ.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 0,800 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ.
7. Қитъаи замин (га): – 2 га (20 000 метри квадрати)..
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 30/1-5 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – Ҷамъу васли 500 адад Панелҳои офтобӣ, 240 адад дучархаҳои барқӣ.
10. Содирот (давлат): – Дохили ҷумҳури ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият дорад. Ҷамъу васли дучархаҳои барқиро қатъ намудааст ва айнеи замон ба коркарди ширеш барои истифодабари дар истеҳсоли семент машғул мебошад.

13. ҶДММ «УМЕДИ САБЗ»

1. Роҳбари корхона: – Амири Моҳаммад Муҳсин.
2. Саҳмгузор: – ҶИ Афғонистон – Амири Моҳаммад Муҳсин.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 19.07.2023 с, Шаҳодатномаи №0000000026.
4. Самти фаъолият: – истеҳсоли макарон, маҳсулотҳои кондитерӣ (пичени ва кекс) ва нушокиҳои ғайриспирти аз ҷумла: обҳои ранга ва шарбатҳои кулакона дар қуттиҳои гуногунҳаҷм.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 1,5 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ: ҶИ Афғонистон.
7. Қитъаи замин (га): – 0,6 га (6 000 метри квадратӣ).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 30/1 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – истеҳсоли макарон 7 200 тонна дар як сол, маҳсулотҳои кондитерӣ (пичени ва кекс) – 50 тонна дар як сол ва нушокиҳои ғайриспирти аз ҷумла: обҳои ранга ва шарбатҳои кулакона дар қуттиҳои гуногунҳаҷм- 3,6 млн. таррҳои гуногун дар як сол.
10. Содирот (давлат): – ҶИ Афғонистон ва бозори дохилӣ.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият дорад. Ба нақшагири ва овардани таҷҳизот машғул аст.

14. ҶДММ «ХАЙРХОҲ ТАМАДУН»

1. Роҳбари корхона: – Назари Шоҳ Маҳмуд.
2. Саҳмгузор: – ҶИ Афғонистон – Назари Шоҳ Маҳмуд ва Салҷоқи Бурҳониддин.
3. Санаи бақайдгирӣ: – 01.08.2023 с, Шаҳодатномаи №0000000027.
4. Самти фаъолият: – истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ (қуттиҳои гуногун барои истифодабари дар рузғор зиёда аз 20 намуд), истеҳсоли равған аз маҳсулотҳои зағир, офтобпараст ва пунбадонна, истеҳсоли маводҳои шустушуи ва хуроки парранда.
5. Ҳаҷми сармоягузорӣ: – 1,7 млн. доллари ИМА.
6. Сармоя (давлат): – Хориҷӣ: ҶИ Афғонистон.
7. Қитъаи замин (га): – 0,3 га (3 000 метри квадратӣ).
8. Ҷойҳои корӣ (нафар): – нақшавӣ/аслӣ 30/1 нафар.
9. Ҳаҷми истеҳсолот (тибқи бизнес-нақша): – истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ (қуттиҳои гуногун барои истифодабари дар рузғор зиёда аз 20 намуд) – 60 000 адад дар як сол, истеҳсоли равған аз маҳсулотҳои зағир, офтобпараст ва пунбадонна – 30 000 литр дар як сол, истеҳсоли нушокиҳои ғайриспирти – 10 000 литр дар як сол ва истеҳсоли хуроки парранда 5 000 кг. дар як сол.
10. Содирот (давлат): – ҶИ Афғонистон ва бозори дохилӣ.
11. Вазъи кунунӣ: – Фаъолият дорад. Ба нақшагири ва овардани таҷҳизот машғул аст.