МАЪЛУМОТИ АСОСӢ ДАР БОРАИ МОИ “ПАНҶ”

Хусусиятҳои мавқеъи геоиқтисодии МОИ “Панҷ”

Мавқеъи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ‒ Осиёи Марказӣ, дар ғарб ва шимол бо ҷумҳуриҳои Узбекистон ‒ 910 км, Қирғизистон ‒ 630 км, аз ҷануб бо Афғонистон‒ 1030 км, аз шарқ бо Чин ‒ 430 км. Дарозии умумии сарҳадҳо 3000 километрро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз рӯи табиати як кишвари кӯҳӣ буда, баландии мутлақаш  аз 300 то 7495 метр буда, 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳои ба баландтарин системаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ, Тиёншон ва Помир мансубанд.

Дар бораи Тоҷикистон. 

Пойтахт: ‒ Душанбе;

Масоҳат: ‒ 141,4 ҳаз. км2;

Аҳолӣ: ‒ 9,5 млн. нафар (2021 с);

Забон:  ‒ Тоҷикӣ;

Асъор: ‒ Сомонӣ (1 доллари ИМА = 11.30 сомонӣ, моҳи январи 2022 с);

Рамзи телефони кишвар:  +992;

Соатбайъ – минтақаи вақт (часовой пояс):  ‒  UTC+5:00;

Шаҳрҳои калон:  ‒  Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ;

Воҳиди маъмурӣ:

  • ноҳияҳои тобеъи марказ 11;
  • вилояти Суғд;
  • вилояти Хатлон;
  • вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

 

Забони муоширати байнимиллӣ: ‒  русӣ, англисӣ;

Захираҳои табиӣ: ‒ алюминий, ангишт, нефт, гази табий, оҳан, руҳ, сурма, симоб, тилло, нуқра, тин, волфрам, бор, намак, карбонатҳою флюорит, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва ғайра.

 

Дар бораи Вилояти Хатлон

Ҷойгиршавӣ:  – Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилшавӣ: – 1992 сол

Ҳудуд: – 24,6 ҳаз. км. кв

Аҳолӣ:

Ҳамагӣ – 3425,0 ҳаз. нафар,  Шаҳрӣ  – 611,2 ҳаз. нафар,  қишлок  –  2813,8 ҳаз. нафар

Аҳолии фаъолияти иқтисодӣ:  – 891,9 ҳаз. нафар

Зичии аҳолӣ: – 139,2 нафар дар км. кв

Маркази маъмурӣ:  –  ш. Бохтар

Иқлим:  – Субтропикӣ, континенталӣ

Дарё: – Вахш, Панҷ, Қизилсу, Ёхсу

Шаҳрҳои в. Хатлон: – Бохтар, Кулоб, Норак, Левакант

Вилояти Хатлон яке аз се вилоятест, ки ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Вилоят 24,6 ҳазор километри мураббаъро ишғол менамояд, ки 17% ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Вилоят дар доманаи ҷанубии Ҳисору – Олой воқеъ буда, дорои 4 шаҳр, 21 ноҳияҳои маъмурӣ. 133 посёлкаи типи кишлоқӣ ва 22 посёлкаи типи шаҳрӣ мебошад.

 

Дараҷаи таҳсилот: ‒ дар вилояти Хатлон шаш муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 25 коллеҷ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус мавҷуд буда, шумораи донишҷуён 45 656 нафар, шумораи талабагон 28 360 нафарро ташкил медиҳад;

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Хатлон қариб дар тамоми соҳаҳо аз кишоварзи то духтурони байторӣ, мутахассисони соҳаҳои энергетика, филологҳо, биологҳо, иқтисодчиён, технологҳо ва ғайра мутахассисҳо тайёр карда мешаванд.

 

Вилояти Хатлон минтақаи аграрӣ мебошад.

Хоҷагии қишлоқ дар иқтисодиёти вилоят яке аз ҷойҳои асосиро ишғол намуда, саноатро бо ашёи хом ва аҳолиро бо озуқа таъмин мекунад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2020 дар вилоят 16 950.0 млн. сомониро ташкил намуд.

Дар хоҷагии қишлоқи вилоят иқтидори калони инвестисиони мавҷуд мебошад, ки истеҳсоли меваю сабзавоти экологӣ ҳамасола шумораи зиёди сармоягузорон ва тоҷирони дохилию хориҷиро ҷалб мекунад.

Вилояти Хатлон на он қадар васеъ ва бозорҳои доимӣ барои маҳсулоти худ,  аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя дорад. Дар соли 2020 нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои хориҷӣ нисбат ба соли 2019, 9,5% фоиз афзудааст.

 

Сарватҳои табий. 

Ҳудуди вилоят аз конҳои газ, нефт ва намак-санг бой аст. Дар ҳудуди вилоят 50 кони металлҳои гуногун мавҷуданд. Дар ҳудуди вилояти Хатлон конҳои зиёди металлҳои полихимиявӣ, нодир ва наҷиб: руҳ, сурб, молибден, волфрам, мис, тилло, нуқра, сурма, рут, флюорс, қалъа, уран, висмут, оҳан, марганес, намки ош, магний кашф карда шудааст. Дар ин ҷо низ конҳои ангиш, газ, нефт, мрамор ва масолеҳи бинокорӣ мавҷуд мебошанд.

Дар вилоят конҳои нефт, ки захираи умумии онҳо 45,4 млн. тонна мебошад: дар минтақаи Вахш – 16,6 млн. тонна ва дар минтақаи Кулоб – 28,8 млн. тонна кашф карда шудаанд. Минтақаҳои Вахш ва Кулоб зиёда аз 27 кони тиллои аллювиалӣ доранд, ки 13-тои онҳо фаъолона аз худ карда мешаванд.

Дар вилоят 4 кони металли нодири стронсий, ки намкҳои он дар саноати металлургия, атомӣ, химия ва дорусозӣ васеъ истифода мешаванд. Захираи умумии маъданҳои дорои стронсий дар конҳои Чалтош, Даудир ва Чилкутан имкон медиҳад, ки дар ин ҷо корхонаи калони маъдани куҳӣ барпо карда шавад, ки соле 180 ҳазор тонна маъдан ҳосил мекунад.

Дар ин минтақа захираҳои калони сурб, яъне зуҳуроти руҳ низ муайян шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки кони умумии Балҷувон 1,2 млн. тонна сурб ва 1,2 млн. тонна рух дорад.

Захираҳои асосии намаки сангин дар ҷануби вилоят ҷамъ шудаанд. Захираҳои конҳои Хоҷа – Муъмун, Хоҷа – Сартез, Танобчӣ ва Саманҷоҳ ба даҳҳо миллиард тонна мерасад.

Дар ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қабодиён захираҳои калони ашёи хоми истеҳсоли семент муайян карда шудааст, ки зиёда аз 200 млн. тоннаро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон конҳои гази табий дар манотиқи Балҷувон ва Ҷалолиддини Балхӣ кашф шудаанд.

Гили муолиҷавии ноҳияи Темурмалик дар табобатӣ истифода мешавад Дар вилоят гиёҳҳои шифобахш низ ёфт шудаанд, ки яке аз онҳо ферула мебошад. Дар минтақаи Бохтар корхонаи коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст.

Ташкилшавӣ ва ҷойгиршавии МОИ “Панҷ”: ‒ Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №145 аз 7 марти 2009 сол, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ҳамчун минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 50 сол таъсис дода шудааст.

Масоҳати умумии: ‒ 401,63 гектар замин; 

Масофа: ‒   то роҳи оҳан (стансияи Колхозобод) – 60 км;

  • то Душанбе (пойтахти ҷумҳурӣ) – 180 км;
  • то Бохтар (маркази маъмурии в. Хатлон) – 87 км;
  • то гузаргоҳи наздиктарин (сарҳади ҷумҳурии Афғонистон) – 600 метр. 

Иҷораи ҳарсолаи ҳар як метри мураббаъи қитъаи замин барои фаъолияти хизматрасонӣ баробари як доллари ИМА мебошад.

Иҷораи ҳарсолаи ҳар як метри мураббаъи қитъаи замин барои фаъолияти савдо ва тиҷорат баробари як доллари ИМА мебошад.

Иҷораи ҳарсолаи ҳар як метри мураббаъи қитъаи замин барои фаъолияти истеҳсолӣ баробари 0,5 доллари ИМА мебошад.

 

Мақоми МОИ “Панҷ

Мақоми МОИ “Панҷ” аз сарҳадоти он, заминаи қонунгузорӣ ва низомҳои махсуси ҳуқуқӣ ва инчунин буҷети минтақа ва мақомоти идоракунии худӣ ташаккул меёбад.

МОИ “Панҷ” минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он низоми махсуси гумрук андоз, инчунин низоми соддагардонидашудаи бақайдгирии субъектҳои МОИ “Панҷ” (минбаъд – субъектҳои МОИ) ва ҳамчунин тартиби даромад ва баромади резиденту ѓайрирезидентҳои МОИ амалӣ мешавад.

Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” барои ташкил ва фаъолияти ташкилотҳо, корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо ҷалби сармояҳои ватанӣ ва (ё) хориҷӣ ташкил мешаванд, низоми имтиёзнок созмон мешавад.

Ба сифати субъектҳои МОИ “Панҷ” соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онҳо эътироф карда мешаванд.

 

Буҷети МОИ «Панҷ» 

МОИ «Панҷ» дорои буҷети мустақил буда, аз ҳисоби даромадҳо ва пардохтҳое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, инчунин аз ҳисоби дигар манбаҳои маблаѓгузорие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

Буҷети мустақили МОИ «Панҷ» шакли бавуҷудоии даромад ва хароҷоти воситаҳои пулии МОИ «Панҷ» буда, барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои МОИ «Панҷ» истифода мегардад.

 

Сарчашмаҳои ташаккулёбии буҷети мустақили МОИ «Панҷ»:

 даромадҳо аз иҷораи замин, бино, иншоот ва таҷҳизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ қарордошта;

  • пардохти маблағҳои субъектҳо барои гирифтани тасдиқнома барои ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ дар МОИ «Панҷ»;
  • пардохтҳо барои ворид шудан ба ҳудуди МОИ «Панҷ» барои автомобилҳо ва техникаи гуногун (ба ѓайр аз автомобилҳо ва техникаҳои Маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ);
  • пардохтҳо барои рухсатномаҳо барои даромадан ба МОИ «Панҷ» (ба истиснои ҳайати кормандони Маъмурияти МОИ ва субъектҳои МОИ);
  • даромадҳо аз хизматрасониҳои гуногун;
  • дигар пардохтҳо ва маблаѓгузорӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи молия, буҷети давлатӣ ва Низомномаи мазкур.

 

Суроғаи Маъмурияти МОИ «Панҷ»

Суроға: ‒ 735220 Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷайҳун Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»;

тел: ‒ (+992) 44 600 55 85;

тел: ‒ (+992) 988 88 18 26;  900 25 43 00;

E-mail:  fezpanj@gmail.com

Web:  http://www.fezpanj.tj