- 16.01.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: МОИ “ПАНҶ”
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Қонуни мазкур асоси ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодии таъсис, идоракунӣ, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби татбиқи низоми махсуси ҳуқукии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асоси зерин истифода мешаванд:
- минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқараркардашуда, ки дар он фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст;
- низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муъомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;
- инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмуъи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техники ободонии минтақа ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ – мақомомти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони оид ба масъалаҳои таъсис, идора, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои иозоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;
- маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад;
- буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ – маблағе, ки барои таъсис ва хароҷоти хоҷагидории минтақаи озоди иқтисодӣ ва таъмини мақсаду вазифҳои он истифода бурда мешавад;
- фондҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмўи маблағгузорие, ки барои ташкил ва таъмини рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ, инчунин барои расонидани кўмаки молявӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкории дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бақайдгирифташуда истифода карда мешавад;
- шўрои нозирони минтақаи озоди иқтисодӣ – мақоми машваратӣ экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақҳои озоди иқтисодӣ;
- субъектхои минтақаи озоди иқтисодӣ – субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд;
- тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолият ва истифода кардани низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ;
- Бизнеснақша – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, дар он иттилооти муфассал дар бораи мўҳлати хароҷотбарорӣ, самаранокӣ, талабот ва омўзиши бозор дарҷ карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтакаҳои озоди иқтисодӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтакаҳои озоди иқтисодӣ ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минтакаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеъии иқтисодиёт;
- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;
- ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
- беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсодот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
- баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот;
- ғани гардонидани бозори дохилӣ;
- фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ вам минтақаҳо;
- азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъминирушди шаҳрсозӣ;
- нигаҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда;
Моддаи 4. Фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карада мешаванд. Номгўйи самтҳои афзалятнок ва намудҳои фаъолияти манъкардашуда дар низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд.
- Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба амал намудани якчанд намудҳои фаъолият ҳуқуқ доранд.
Моддаи 5. Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусияти фаъолияташон ба намудҳои муайян ҷудо мешаванд ва инчунин метавонанд хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодиро дар бар гиранд. Минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад аз якчанд қитъаи алоҳидаи таҳти идораи ягона иборат бошад.
- Минтақаҳои озоди иқтисодиро дар чунин намудҳо таъсис додан мумкин аст:
- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
- савдо ва тиҷоратӣ;
- хизматрасонӣ;
- инноватсионӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда.
- Минтақаи озоди иқтисоди саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷори намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.
- Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки ҳудуди он барои такмилдиҳи, коркард, ба навъхо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигаҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар дигари қитъаҳои дигари махдудгардидаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмиллалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад.
- Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хўроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ (консалтингӣ), муҳандисӣ – техникӣ (инжинирингӣ), миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.
- Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотхои илмию таҳқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсоли таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу махсулот ва кашфиётҳои нави самаранокӣ (ноу – хау) ба роҳ монда мешавад.
- Таъсири минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 6. Мўҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати то 50 сол, вобаста ба хусусият, намуди фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, фаъолияти имрўза ё ояндаи ҳудуди он ва вобаста ба максаду вазифаҳои аниқи минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 7. Дароз намудани мўҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Мўҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди асосноки мақомоти давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки на кам аз ду сол пеш аз тамом шудани мўҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ирсол мегардад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карад мешавад. Мўҳлати дарозкардашудаи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ набояд аз мўҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ зиёд бошад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОӢ
Моддаи 8. Тартиби пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди маъмурии он бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, дар шакли дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ирсол мегардад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.
- Барои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нақшаи ҳудуд ва сарҳади минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- лоиҳаи низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- асоснокии техникӣ ва иқтисодии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- асоснокии самаранокии молиявии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
Моддаи 9. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Қарор дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома ва нақшаи ҳудудии минтақаҳои озоди иқтисодиро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудуди онро тасдиқ менамояд.
- Манбаъҳои маблағгузории хароҷот барои таъсис ва фаъолияти минтакаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла нигаҳдории маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар марҳилаи ташкил ва сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 10. Тартиби додан ва бозхонди мақоми субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Тартиби баррасии ариза ва додани макоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сурат мегирад.
- Соҳибмулкони иншооти ғайриманқул, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ то таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зери иншоотҳои худро нигоҳ медоранд.
- Ба соҳибмулкони иншооти ғайриманқули дар моддаи мазкур зикргардида имконияти дар муддати се соли давраи гузариш ҳуқуқи интихоб намудани низоми ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ё дар низоми муқаррарӣ мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дода мешавад.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъекти бақайдгирифташудаи минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодиро месупорад. Намунаи тасдиқнома аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешавад.
- Бозхонди ихтиёрии мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ё барҳамхўрии шахси ҳуқуқи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- Дар сурати аз тарафи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани муқаррароти шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи бозхонди мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ баъди ба шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродӣ додани мақоми субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва инчунин пас аз қатъи фаъолияти субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мўҳлати се рўзи корӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ, макомоти андоз ва гумрук оид ба масъалаҳои мазкур маълумот пешниҳод менамояд.
- Маълумот дар бораи додан ва бозхондани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба китоби баҳисобгирии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дохил карда мешавад.
Моддаи 11. Маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
- Дар минтақаи озоди иқтисодӣ маркази ягонаи хизматрасонии мақомоти давлатӣ барои субъктҳои минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад.
- Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар маркази ягонаи хизматрасонӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 12. Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иктисодӣ
- Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
- Маҷмуъи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузори ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.
- Моликияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди милликунонӣ, реквизитсия ва ё мусодира қарор мегирад.
- Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пас аз пардохти андозҳо ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва дигар маблағҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.
- Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.
- Дар сурати пеш аз мўҳлат барҳамхўрии минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.
- Зарар, фоидаи аздастдода ва зарари маънавие, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдор дар натиҷаи дахолати беасос ба фаъолияти онҳо расонида мешаванд, бо тартиби судӣ ҷуброн карда мешаванд.
- Давлат нисбати ўҳдадориҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчун субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ нисбати ўҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 13. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Ҳамоҳангсозӣ ва назоратӣ фаъолияти минтақаи озоди иқтисодиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ низоми ягонаи марказонидашудаи идораи минтақаҳои озоди иқтисодиро таъсис медиҳад.
- Муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор карда мешавад.
Моддаи 14. Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи ваколатҳои худ, ки Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, оиннома ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мекунанд, иҷро менамояд.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
- Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян менамояд.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ҳисобдиҳанда мебошад.
- Таъсиси маъмурияти умумӣ барои идоракунии якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
- Роҳбари фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
- Роҳбари маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ комиссияро оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад. Тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисоӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 15. Ваколатҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад.
- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ;
- таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодӣ;
- ташкили маҳзаи иттилоотӣ – таҳлилии дурнамои рушди самараноки минтақаи озоди иқтисодӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо;
- додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва пешниҳоди маълумотҳо оид ба субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ;
- намояндагии манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- нашри маълумот дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ вуҷуд доштани қитъаҳои замини дар истифоданабуда ва молу мулки давлатӣ;
- ҷудо кардани қитъаи замин ва назорати истифодабарии он аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ;
- тақсим ва назорати харҷи маблағ барои ташкил ва рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- иҷрои вазифаҳо ҳамчун фармоишгари давлат доир ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва ташкили инфрасохтори саноатӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ иҷтимоии минтақаи озоди иқтисодӣ;
- додани иҷозати сохтмон, ташкил ва таъмини шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъмини муҳандисию техники;
- идораи объектҳои моликияти давлатии воқеи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ;
- иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор;
- ҷамъоварии маълумоти омори аз субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- ташкил додани Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ;
- ташкил, таъмин ва назорати фаъолияти сохтори истеҳсолӣ, коммуналӣ ва нақлиётии минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷумла лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншооти истеҳсолӣ, анбор нақлиётӣ ва таъиноти дигари хизматӣ;
- назорати субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ оид ба риоя намудани муқаррароти Қонуни мазкур низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, шартномаҳо дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист;
- мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ;
- пешниҳоди таклифҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдории давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағир додани сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаи озоди иқтисодиро ба танзим медароранд;
- таъмини рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо роҳи ҷалб намудани сармоягузорон, маблағи ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи қарзҳои имтиёзнок, қарзҳо ва грантҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва аъзо гардидан ба ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои рушд ва фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ машғул мебошанд;
- анҷом додан дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
- Иҷрои қарорҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи ваколати он қабул гардидаанд, дар ҳудуди он ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 16. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
- Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаъҳои дохилӣ (пардохтҳо, боҷҳо ва даромадҳо аз хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
- Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро дар соли молиявӣ
маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия менамояд ва он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
- Номгуй ва андозаи пардохти маблағи корҳо ва хизматрасонии
маъмурияти минтақахои озоди иқтисодиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи молия тасдиқ менамояд.
Моддаи 17. Шўрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Шўрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ мақоми машваратӣ экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, аз намояндаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар қаламрави маъмурии онҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, намояндагони субъектҳо иборат мебошад.
- Тартиби ташкил, фаъолият ва вазифаҳои Шўрои нозирон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, онро Шўрои Фонд идора менамояд.
- Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо низомнома дар бораи Фонд муайян карда мешавад.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодро тибқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил намояд.
- Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 4. НИЗОМИ МАХСУСИ ҲУҚУҚӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 19. Хусусиятҳои танзими гумрукӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моли дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин манъ ва махдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад.
- Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.
- Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад. Номгўйи чунин молҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
- Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозхо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд.
- Ҳангоми аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида мешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карад шудаанд, тибқи шартҳои низоми гумрукии қабулгардида татбиқ карда мешаванд.
- Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисоди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусиятӣ иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд.
- Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амали карда мешавад.
- Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгарии молро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 20. Хусусиятҳои андозбандӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
- Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад.
- Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳамгуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеъӣ озод карда мешаванд.
- Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
- Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣ – ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.
- Пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз назорат мекунад.
- Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷӣ кишвар интиқол дода мешаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд.
- Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустаъқилона пеш мебаранд.
- Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ объектҳои андозбандӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ тааллуқ надоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Танзими молиявӣ ва асъорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
- Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоби молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Хусусиятҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи молия муайян карда мешаванд.
- Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муомилоти озоди асъори хориҷӣ дар баробари асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 22. Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғарибонкӣ
- Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣбонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
- Тартиби таъсиси бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 23. Фаъолияти суғуртавӣ
Суғуртакунонӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
- Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ ба танзим дароварда мешаванд.
- Созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ набояд шароити кормандони ҳамин корхона ва ташкилотҳоро нисбати шароити пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазнин намоянд.
- Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла кормандони хориҷӣ, мутахассисони муҳандисию техникӣ ва идоракунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои тахассусии марбут ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
- Барасмиятдарории иҷозати кор ба кормандони хориҷӣ тибқи Дастурамали тартиби соддакардашудаи додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 25. Амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист
Муносибатҳо дар бахши амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эхтироф намудааст, танзим мегарданд,
Моддаи 26. Тартиби истифодабарии замин
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаҳои замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои вобаста ба заминро танзим мекунанд, истифода менамояд.
- Тартиби пешниҳоди қитъаҳои замин ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
- Фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад.
Моддаи 28. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Ба фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 29. Тартиби содаи реҷаи раводид
Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Тартиби баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои байни субъуктҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва макомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ алоқаманд аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 31. Барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ
- Минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
- Ба анҷом расидани мўҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки бо низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар карда шудааст, асоси барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
- Минтақаи озоди иқтисодиро метавонад бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, пеш аз мўҳлат барҳам дод.
- Минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат барҳам додан мумкин аст:
- агар дар давоми ҳафт соли баъди таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣягон субъект ба қайд гирифта нашуда боша два шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ баста нашуда бошад ё ин ки ҳамаи шартномаҳои пеш басташуда бекор карда шуда бошанд.
- агар дар давоми ҳафт соли пайдарпай дар минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои он фаъолият накрда бошанд.
- Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси маҳрум шудани субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мегардад. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ нисбати фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳудуди собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шудаанд, намегардад.
- Дар ҳолати барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ метавонанд фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни бақайдгирии иловагӣ ё азнавбақайдгирӣ бо тартиби умумӣ идома диҳанд.
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 335) аз эътибор соқит дониста мешавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
ш. Душанбе № 700
25.03.2011 сол.
ш. Душанбе № 1581
аз 02.01.2019 сол.