НИЗОМНОМА

                                                                                                                                                        Бо Қарори

Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “29” октябри соли 2008 № 1147

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “ПАНҶ”

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Низомномаи мазкур мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 таҳти № 191 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Низомномаи мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодии шакли комплексии Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро (минбаъд-МОИ “Панҷ”) муайян менамояд.

  1. Мақсади асосии ташкили МОИ “Панҷ:
  • ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами идоракуӣ ва менеҷмент;
  • ҳамроҳгардонии иқтисодиёти минтақа ва кишвар дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, равнақ додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ;
  • рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳои атрофи МОИ “Панҷ”, ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
  • ташкили шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бунёди истеҳсолоти молу маҳсулоти молу маҳсулоти рақобатноки содиротӣ;
  • бо кор таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳои иловагии кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, афзун намудани афзоиши даромади коргароне, ки дар МОИ “Панҷ” кор мекунанд ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа.
  1. Вазифаҳои асосии МОИ “Панҷ”.
  • рушди иқтидори иқтисодии минтақа дар асоси ҳамгироии сармоягузориҳои хориҷӣ бо воситаҳои моддию  маблағи корхонаю ташкилотҳои ватанӣ, ки ба гуногунрангии шаклҳои моликият асос ёфтаанд;
  • ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, техника ва технологияҳои муосир таҷрибаи хориҷии идоракунӣ ва усулҳои нави хоҷагидорӣ;
  • ҷорӣ намудани навоварӣ ва ихтирооти илмию техникии ватанӣ ва хориҷӣ дар истеҳсолот, бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар минтақаҳои дигари кишвар;
  • таъмин намудани усутувори иҷтимоию иқтисодии минтақа;
  • кам намудани хароҷоти истеҳсолот, истифодаи пурраи захираҳои озоди меҳнатӣ, табиӣ ва дигар захираҳои маҳаллии истеҳсоли молу маҳсулот барои содирот ва таъмини бозори дохилӣ;
  • бунёд ва ободдонии ҳудуди МОИ “Панҷ”, ҳифз ва ҳимояи муҳити зист;
  • дар ҳудуди МОИ ташкил намудани инфрасохтори истеҳсолӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ (алоқа, нақлиёт, коммуникатсия ва ғайра).
  1. Мақоми МОИ “Панҷ
  1. Мақоми МОИ “Панҷ” аз сарҳадоти он, заминаи қонунгузорӣ ва низомҳои махсуси ҳуқуқӣ ва инчунин буҷети минтақа ва мақомоти идоракунии худӣ ташаккул меёбад.
  2. МОИ “Панҷ” дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати умумии 400 гектар замин ҳамчун минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 25 сол ташкил карда мешавад.

Замини МОИ “Панҷ” моликияти истисноии давлат буда муносибатҳои ба он алоқаманд дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

  1. Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Дар бобати муносибатҳое, ки бевосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи МОИ ба танзим дароварда нашудаанд, меъёрҳои қонунии ба моҳияти онҳо зиднабуда ва муносибатҳои монандро ба танзим дароваранда амалӣ мегардад.

  1. МОИ “Панҷ” минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он низоми махсуси гумрук андоз, инчунин низоми соддагардонидашудаи бақайдгирии субъектҳои МОИ “Панҷ” (минбаъд – субъектҳои МОИ) ва ҳамчунин тартиби даромад ва баромади резиденту ғайрирезидентҳои МОИ амалӣ мешавад.

Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” барои ташкил ва фаъолияти ташкилотҳо, корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо ҷалби сармояҳои ватанӣ ва (ё) хориҷӣ ташкил мешаванд, низоми имтиёзнок созмон мешавад.

  1. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории МОИ “Панҷ” манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
  2. МОИ “Панҷ” буҷети мустақил дорад, ки он аз ҳисоби даромади худӣ ва дигар пардохтҳо, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқии дар қаламрави он ба қайд гирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад.

Буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ мувофиқа карда мешавад.

  1. Мақоми идоракунӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ” Маъмурияти МОИ “Панҷ” мебошад (минбаъд – Маъмурияти МОИ).
  2. Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” иҷрои чунин амалҳо манъ аст;
  • иҷрои корҳои истифодаи захираҳои зеризаминӣ (ба ғайр аз истихроҷи обҳои зеризаминӣ барои таъмини фаъолияти МОИ бо об);
  • истеҳсоли молҳои зераксизӣ (аз ҷумла маҳсулоти тамоку, машрубот – арақ, ликёр ва дигар нўшокиҳои алкоголӣ, ба истиснои истеҳсоли шампан, майи пурҷўш, шаробҳои ноб ва нимрас, шаробҳои ангурӣ, пиво), ба истиснои истеҳсоли нақлиёти автомобилӣ ва дигар воситаҳои нақлиёти муҳарриқдор, ки барои мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанд;
  • истеҳсоли коғазҳои қиматбаҳо, пул ва танга, маркаҳои почта;
  • истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурўши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
  • пахши барномаҳои радио ва телевизион, ба истиснои хизматрасониҳои техникии радио ва телевизион;
  • истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ аз заҳролудшавӣ, фурўши маводи хатарнок ва радиоактивӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти металлургияи ранга ва сиёҳ;
  • табобати одамони мубталои бемориҳои хатарнок ва махсусан хатарнок, аз ҷумла бемориҳои узвҳои таносул ва сирояткунандаи пўст, касалиоҳи рўҳии хуруҷкунанда;
  • табобати ҳайвонҳое, ки касалиҳои ниҳоят хавфнок доранд;
  • фаъолияте, ки ба масъалаҳои муоҷирати меҳнатии хориҷӣ алоқаманданд;
  • бунёди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок, ки ба муҳити зист зараровар мебошад;
  • фурўши маводи сўзишворию равғанҳои молиданӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ мансуб нестанд;
  • фурўши чаканаи молу ашё. Мол ва маҳсулоти тайёрии хўроки умумии воридоте, ки барои истеъмоли шахсии кормандони МОИ пешбинӣ шудаанд, аз тарафи муассисаи махсуси хўроки умумӣ, ки дар асоси қарордоди бо сохтори дахлдори субъекти МОИ имзошуда амал мекунад, фурўхта мешаванд. Ба ин намуди фаъолияти низоми имтиёзноки андоз татбиқ намешавад.
  • фаъолияти хоҷагидорию тиҷоратии бо таъмини амният ва дифои давлат ва инчунин бо истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурўши яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ алоқаманд;
  • воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар моле, ки фурўш ва интиқоли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;
  • ташкил намудани қимор ва лотереяҳо, қиморхонаҳо (казиноҳо), видеосалонҳо, автоматҳои бозӣ ва ҳоказо.
  1. Реҷаи кори МОИ “Панҷ” аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муқаррар карда мешавад.
  2. Содироти мол аз ҳудуди МОИ ба кишварҳои дигар нисбат ба содироти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасаманд карда мешавад.

Ҳамзамон талабот оид ба истифодаи ҳатмии ашёи хом ва маводи маҳаллӣ, бар ивази воридотӣ ё пешниҳод шудани субсидияҳо ва имтиёзоти дигаре, ки пешниҳоди онҳо бо чунин талабот вобаста шудааст, муқаррар карда наметавонанд.

  1. Субъектҳои МОИ “Панҷ
  1. Ба сифати субъектҳои МОИ соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онҳо эътироф карда мешаванд, ки:

– аз ҷониби шахсони воқеии дохилӣ ва (ё) хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ” бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;

– сертификатро барои машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолият дар ҳудуди МОИ “Панҷ” тибқи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст, соҳиб гардидаанд;

– ба сифати субъеки МОИ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти МОИ-ро ба танзим медароранд, ба роҳ мемонанд.

  1. Бақайдгирии давлатии таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ
  1. Бақайдгирии давлатии соҳибкории инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ” мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нишонии ҳуқуқӣ ва ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндаги шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорӣ инфиродиро барои бақайдгирии давлатии бо дарназардошти хулосаи мусбии ташхиси бизнеснақша ё лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз тарафи шахси муроҷиаткунанда пешниҳод гардидааст. Маъмурияти МОИ медиҳад.
  1. Талабот оид ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ 
  1. Лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои субъектҳое, ки корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис медиҳанд, бояд ба чунин меъёрҳои асосӣ мутобиқат намоянд:

– ҳаҷми фонди оинномавӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ бояд на кам аз 500 ҳазор доллари ИМА бошад;

– мўҳлати истифодабарии на кам аз 90 фоизи таҷҳизоти асосии технологии воридотӣ бояд на зиёда аз 5 сол бошад.

  1. Маъмурияти МОИ дар муддати се рўзи баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо лоиҳаи инвеститсиониро, ки барои истифода дар амал арз шудааст, мутобиқати онро ба мақсаду, талаботи асосӣ ва вазифаҳои таъсис ва фаъолияти МОИ “Панҷ” ва инчунин мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
  2. Аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо маъмурияти МОИ ба лоиҳаи инвеститсионӣ хулоснома омода намуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ лоиҳаи инвеститсиониро ба баррасии мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ пешниҳод менамояд.
  3. Маъмурияти МОИ дар мўҳлати се рўзи баъди дастрас намудани қарор ё нусха аз протоколи комиссияи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ аризадиҳандагон – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ё ҳуқуқии хориҷиро аз қарори қабулшуда оид ба лоиҳаи инвеститсионӣ огоҳ мекунад. Ҳангоми манфӣ будани қарори комиссияи мазкур Маъмурияти МОИ аз ин шахсҳо эрод қабул намекунад.
  4. Шахсоне, ки дар боби 4 Низомномаи мазкур номбар шудаанд, барои дурустии маълумотҳои пешниҳодшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд. Дар ҳолатҳои зурури Маъмурияти МОИ ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои иловагиро вобаста ба фаъолияти ин шахсон ва баҳодиҳии лоиҳаи инвеститсионие, ки барои татбиқ пешниҳод шудааст, дархост намояд. Ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи муайннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ҷавобгўй намебошанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.
  1. Сертификат барои фаъолият дар ҳудуди МОИ “Панҷ
  2. Пас аз бақайдгирии давлатӣ шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи боби 4 Низомномаи мазкур ташкил шудаанд бояд барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ” сертификат (минбаъд-сертификат) гирад.
  3. Барои дастрас намудани сертификат ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст (ҳамаи ҳуҷҷатҳои дунусхагӣ пешниҳод мешаванд):
  • анкета-дархости пуркардашуда барои дастрас намудани сертификат (бланкҳоро мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ё Маъмурияти МОИ медиҳанд):
  • иттилоотнома оид ба тавсифи ширкат ва фаъолияти пешбинишудаи он дар МОИ;
  • ҳуҷҷате, ки намунаи имзоҳои шахсони ваколатдори ширкатро тасдиқ мекунад;
  • барои муассисаҳои бонкӣ – иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳуқуқи ташкил намудани бонк, филиал ё шўъбаи бонк дар МОИ “Панҷ”.
  1. То дастрас намудани сертификат ба муроҷиаткунанда барои шиносшавӣ лоиҳаи шартнома бо шартҳои фаъолият дар ҳудуди МОИ “Панҷ”, ки байни муроҷиаткунанда ва Маъмурияти МОИ пас аз гирифтани сертификат баста мешавад, пешниҳод мегардад.
  2. Пас аз баррасӣ ва маъқул донистани дархостҳо барои гирифтани сертификат шахсоне, ки номзад ҳисобида мешаванд, яъне ба тамоми талабот барои гирифтани сертификат ҷавобгў ҳастанд, мактуби расми хабардор карда мешаванд. Дар мактуби мазкур ба номзад барои гирифтани сертификат 30 рўз мўҳлат дода мешавад, ки дар давоми он номзади зикргардида бояд бо Маъмурияти МОИ оид ба иҷораи бино ё қитъаи замини муайяншуда дар ҳудуди минтақа шартнома бандад. Нусхаи шартномаи байни номзад ва Маъмурияти МОИ дар давоми мўҳлати муайянгардида имзошуда ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона карда, баъд аз он аз тарафи ин мақом ба ў сертификат дода мешавад. Агар дар мўҳлати муайяншуда байни номзад ва Маъмурияти МОИ созишнома баста нашавад, ин ҳолат метавонад барои надодани сертификат асос шавад.

Ҳангоми баррасии дархост ва додани сертификат чунин нишондиҳандаҳои фаъолияти ширкат, ба мисоли мусоидат барои рушди содирот, зиёд кардани ҷои кор, воридоти технологияи пешқадам, истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ғайра ба назар гирифта мешаванд.

  1. Шаклҳои сертификат ва анкетаҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешаванд.
  2. Сертификатҳо ба мўҳлатҳои зерин дода мешаванд:
  • сертификат барои фаъолияти тиҷоратӣ ба мўҳлати то 10 сол:
  • сертификат барои фаъолияти истеҳсолӣ ба мўҳлати то 15 сол.
  1. Арзиши сертификат барои ҳар гуна намуди фаъолият новобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва муомилоти мол, 5 ҳазор доллари ИМА мебошад.
  1. Боздошти муваққатӣ, азнавбарқароркунии фаъолияти субъектҳои МОИ ва бекоркунии (беэътибор ҳисобидани) сертификат
  1. Боздошти муваққатӣ, азнавбарқароркунии фаъолият ва бекоркунии (беэътибор ҳисобидани) сертификати субъектҳои МОИ бо асосҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

1) фаъолияти субъекти МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўҳлати то 3 моҳ ҳангоми рух додани ҳолатҳои зерин муваққатан боздошта мешавад:

  • ҳангоми пешниҳод накардани маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва Маъмурияти МОИ талаб карда шудаанд, дар мўҳлатҳои муайяншуда ё дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ;
  • ҳангоми тасдиқ гардидани он, ки субъекти МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он ба объектҳои хизматрасонӣ ва таҷҳизоти МОИ зарар расонидаанд ва ин амалҳо қатъи назар аз онҳоро огоҳонидани Маъмурияти МОИ идома доранд ва (ё) надодани тавонои зарари расонидашуда;
  • дар ҳолати муайян гаштани он, ки субъектҳои МОИ шартҳои шартномаи иҷора ё дигар шартномаро, ки бо Маъмурияти МОИ ё ширкати идоракунанда баста шудааст, иҷро наменамоянд;
  • ҳангоми риоя накардани муқаррароти дастурамалҳо ё вайрон кардани тартиботе, ки дар МОИ муқаррар шудааст:

2) фаъолияти субъекти МОИ бо иҷозати Маъмурияти МОИ дар ҳолати иҷрои шартҳо ё аз байни бурдани сабабҳои боздоштани фаъолияти субъекти МОИ аз нав барқарор карда мешавад:

3) сертификат аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ баъди гузаронидани тафтиши воқеияту маълумотҳое, ки дар хулосаи Маъмурияти МОИ дарҷ гардидаанд, дар ҳолатҳои зерин бекор карда (беэътибор дониста) мешавад:

– агар дар хулосаи Маъмурияти МОИ муайян шуда бошад, ки дар давоми мўҳлати дар шарнома нишондодашуда сабабҳое, ки ба қатъи муваққатии фаъолияти субъектони МОИ “Панҷ” асос мебошанд, аз байн бурда нашудаанд;

– агар дар натиҷаи тафтиш ва таҳқиқи дақиқ муайян шуда бошад, ки ўҳдадориҳои дар анкета-дархост барои гирифтани сертификат нишон додашуда риоя намешаванд ва маълумотҳои дар он нишон додашуда аз аввал дурўғ мебошанд;

– агар муайян шуда бошанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи субъекти МОИ “Панҷ” вайрон карда шудаанд.

  1. Бақайдгирии субъектҳои МОИ “Панҷ
  1. Корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (аз ҷумла, соҳибкорони инфиродие, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд), инчунин филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо – дорандагони сертификатҳо ҳамчун субъекти МОИ ба қайд гирифта мешаванд.
  2. Субъектҳои МОИ-ро Маъмурияти МОИ ба дафтар қайд менамояд.
  3. Тартиби бақайдгирии субъектҳои МОИ;
  • ариза додани дорандагони сертификатҳо барои бақайдгирӣ ҳамчун субъект;
  • ба қайди дафтари қайд навиштани маълумоте, ки дар сертификат оварда шудааст;
  • додани рақами бақайдгирӣ.
  1. Тағйирот ба дафтари қайд аз рўи аризаи субъектҳои МОИ ворид карда мешавад.

Қайдҳо бо роҳи ворид намудани қайди нав ба дафтари қайд ислоҳ ва бекор карда мешаванд.

Қайдҳо оид ба аризаҳо аз тарафи рўйхатгир ба дафтари қайд баробари расидани аризаи дахлдор дохил карда мешаванд.

Ба қайд гирифта шудани субъекти МОИ бо додани ҳуҷҷат (шаҳодатнома) дар бораи қайд, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мекунад, тасдиқ карда мешавад.

  1. Рухсатномаҳо ва кортҳои хизматӣ
  1. Барои ворид шудан ба ҳудуди МОИ “Панҷ” ба намояндагон, хизматчиён, коргарони субъектҳои МОИ ва дигар шахсон навъҳои зерини рухсатномаҳо пешбинӣ шудааст;
  • рухсатномаи доимҳ;
  • рухсатномаи муваққатҳ;
  • кортҳои хизматӣ
  1. Рухсатномаҳои доимиро Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектҳои МОИ медиҳад, ки онҳо муълумоти зеринро доранд;
  • ном ва мўҳри Маъмурияти МОИ;
  • санаи дода шудан;
  • акси дорандаи рухсатнома:
  • насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;
  • ҷои кор;
  • шартҳои воридшавӣ.
  1. Рухсатномаҳои муваққатиро Маъмурияти МОИ ба дигар шахсоне медиҳад, ки дар онҳо ному насаб ва номи падари ин шахсон зикр нашудааст, вале ранги онҳо аз дигар рухсатномаҳо фарқ мекунад ва ҳангоми баромадан аз минтақа ба хадамоти дахлдори МОИ “Панҷ” баргардонида мешаванд.

Рухсатномаҳои муваққатӣ ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахс эътибор доранд.

  1. Кортҳои хизматиро, ки дорои маълумотҳои якхела бо рухсатномаҳои доимӣ мебошанд. Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ ва ширкати идоракунанда, инчунин ба шахсоне медиҳад, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва ширкати идоракунанда киро карда шудаанд.
  2. Рухсатномаҳо пулакӣ буда, қимати онҳо аз рўи меъёрҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ пардохта мешавад.
  1. Беэътиборгардонии рухсатнома, рухсатномаҳои махсус ва кортҳои хидматӣ

 

  1. Ҳангоми беэътиборгардонидани сертификати субъекти МОИ рухсатнома ва кортҳои хидматии кормандон ва хизматчиёнаш баъд аз огоҳонидан аз тарафи Маъмурияти МОИ пас гирифта мешаванд.
  2. Субъекти МОИ хабари аз кор рафтани кормандонашро бояд худи ҳамон рўз ба Маъмурити МОИ расонад. Дар ин ҳолат рухсатномаи ин шахсон баъди 7 рўз беэътибор карда мешавад. Агар шахсони мазкур то ба итмом расидани ин мўҳлат дар ҳудуди МОИ ҷои нави кор ёбанд, рухсатномаашон баъди ба он ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ баргардонида мешавад.

Шахсоне, ки рухсатномаҳояшон беэътибор шудааст, ҳақ надоранд дар дохили МОИ “Панҷ” бошанд.

  1. Тартиби барҳамдиҳии субъектҳои МОИ
  1. Шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди МОИ “Панҷ” таъсис дода шудааст дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад;
  • мутобиқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баъди 12 моҳи аз қайди давлатӣ гузаштани субъект ба андозаи на камтар аз 50 фоизи ҳаҷми дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ зикршуда бо санад тасдиқ нашудани сармоягузороӣ. Маъмурияти МОИ ҳуқуқ дорад, ки сармоягузориро ҳамчун амали иҷрошуда ҳисоб намояд ва оид ба барҳамдиҳии он мутобиқи тартиботе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, тадбирҳо андешад.
  1. Тартиби барҳамдиҳии субъектҳои МОИ мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати беэътибор кардани қайди субъекти МОИ ва (ё) барҳамдиҳии он роҳбари субъекти МОИ бояд дар бораи беэътибор шуданаш эълон намояд.

Барҳамдиҳӣ таҳти назорати Маъмурияти МОИ дар асоси фармоиш мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва аз ҳисоби субъекти МОИ амалӣ мешавад.

Дар натиҷа тафтиш, баъди ҳамаи ўҳдадориҳоро иҷро кардани субъекти МОИ санадҳои тафтиш, хулоса дар бораи барҳамдиҳӣ, ҳисобот ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои аз феҳрести бақайдгирӣ баровардани субъектҳои МОИ пешниҳод мегарданд.

Муқаррароти мазкур дар ҳолати барҳам додани филиалҳо ва намояндагиҳои ширкатҳо, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, низ дахл доранд.

  1. Ҳуқуқи субъектҳои МОИ “Панҷ
  1. Субъектҳои МОИ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон (ба ғайр аз ташкилотҳои буҷетӣ) ҳуқуқ доранд:
  • бо иштироки сармоягузорони ватанию хориҷӣ ташкилотҳои муштарак таъсис диҳанд;
  • дар асоси шартномаҳо бо фаъолияти хоҷагидорӣ машғул шаванд, озодона шарик ва мавзўи шартномаро интихоб намоянд, ўҳдадориҳо инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагидориро муайяан намоянд;
  • мустақилона ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пардозанд, амалиёти мубодилаи мол (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин азнавсармоягузориҳоро анҷом диҳанд, ба шарте, ки хусусияти ин амалиётҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд;
  • аз бонкҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳама гуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии хориҷиро ҷалб намояд;
  • дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳама гуна сармоягузориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшударо татбиқ намоянд;
  • истифодаи заминро дар асоси шартномаи иҷрои дарозмўҳлат, иҷораи такрори замин, молу мулк, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи гузашти истифодабариро ба ворисони ҳуқуқии онҳо аз рўи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки шартномаи иҷораро имзо кардаанд, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро амалӣ намояд;
  • шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси шартнома киро намоянд;
  • ҳар гуна фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст, анҷом диҳанд.
  1. Субъекти МОИ ҳуқуқ дорад, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ берун аз ҳудуди МОИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаи умумӣ, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, машғул шавад.
  1. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва сармоягузории онҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ
  1. Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ҳудуди МОИ “Панҷ” амал мекунанд, кафолат медиҳад.
  2. Дар МОИ “Панҷ” мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёриҳои ҳуқуқи байналмилалӣ кафолатҳои зерин дода мешаванд:
  • ҳимояи ҳуқуқуи сармоягузориҳои хориҷӣ;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ – субъктҳои МОИ;
  • низоми ҳуқуқии сармоягузориҳои хориҷӣ бо низоми ҳуқуқии сармоягузориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст;
  • роҳ надодан ба ягон табъизи ташкилотҳои сармоягузории хориҷӣ.
  1. Сармоягузорони хориҷӣ, ки ба соҳаи хоҷагидорӣ ва ё дигар фаъолияти МОИ маблағгузорӣ ва ё саҳмгузории моддӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд аз натиҷаи сармоягузории худ, аз ҷумла, азнавсармоягузорӣ ва муомилоти тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд. Сармоягузорони хориҷӣ метавонанд фоидаашонро пурра ё қисман дар шакли маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва ё маҳсулоти аз бозор харидашуда аз ҳудуди он бароранд.
  2. Ба сармоягузорони хориҷие, ки дар минтақа амал мекунанд, пас аз пардохти маблағҳои ҳатмӣ интиқоли фоида ба пули хориҷӣ, инчунин фоидае, ки аз фурўши тамоми ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ташкилотҳои сармоягузориҳои хориҷӣ бинобар хориҷ шудан ё барҳам хўрдани ташкилот ҳосил шудааст, кафолат дода мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқ доранд сармояашонро интиқол кунанд, ба гарав монанд, содир намояд ва сармоягузориро ба минтақаи озоди иқтисодӣ қатъ намоянд.
  3. Муносибатҳои субъектҳои хоҷагидор дар МОИ, сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси қарордод (шартнома) ба роҳ монда мешаванд. Ташкилотҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ барномаҳои истеҳсолиро мустақилона таҳия менамоянд.

Баҳсҳои хоҷагидорӣ , аз ҷумла баҳсҳо байни иштирокчиёни ташкилотҳои сармоягузориҳои хориҷӣ, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

  1. Механизми молиявию қарзӣ ва асъорӣ
  1. МОИ дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият мекунад.

Бо мақсади таъмини фаъолияти МОИ “Панҷ” буҷети мустақили минтақа ташкил карда мешавад.

  1. Буҷети мустақили МОИ “Панҷ” шакли таъсис ва харҷи маблағи минтақаи озоди иқтисодӣ буда, барои таъмини молиявии ҳадафу вазифаҳои он, ки мутобиқи низомномаҳо тасдиқ мешаванд ва ин низомномаҳо ба қонунгузорӣ оид ба буҷети давлатӣ барои соли молиявии дахлдор дохил шудаанд, пешбинӣ мегарданд.

Буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ бо мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ мувофиқа карда мешавад.

  1. Ба даромади буҷети МОИ “Панҷ” маблағҳои зерин ворид мешаванд:
  • даромад аз иҷораи замин, бино ва таҷҳизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ қарордошта;
  • маблағи умумии пардохтҳои субъектҳо барои гирифтани сертификати фаъолияти соҳибкорӣ дар МОИ “Панҷ”;
  • пардохтҳои бақайдгирӣ;
  • пардохтҳо барои ворид шудани автомобилҳо ба ҳудуди МОИ “Панҷ”;
  • пардохт барои ворид шудан ба ҳудуди МОИ аз тарафи кормандоне, ки дар ҳудуди МОИ фаъолият мекунанд (ба истиснои ҳайати Маъмурияти МОИ);
  • даромади ҳар гуна хизматрасониҳо;
  • дигар даромадҳои бо қонунгузорӣ пешбининашуда:
  • 4 фоизи ҳиссаи фоидаи фаъолияти ширкати идоракунанда аз хизматрасониҳои гуногун;
  • даромад аз дигар пардохтҳо барои хизматрасонии субъектҳои МОИ ва Маъмурияти МОИ мутобиқи муқаррароти дар қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои соли молиявии дахлдор зикршуда ва Низомномаи мазкур.
  1. Номгўи хизматрасониҳо ва меъёри пардохтҳои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ дар асоси пешниҳоди асосноки иқтисодии Маъмурияти МОИ муқаррар карда мешавад.
  2. Мўҳлати иҷораи дарозмуддати истифодаи масоҳат ва майдони анборҳои пўшида биноҳои истеҳсолӣ ва маъмурие, ки ҳуқуқи истифодабарии онҳоро Маъмурияти МОИ дорад ва иҷорапулии онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба намуди фаъолият ва на камтар аз меъёрҳои зерин тасдиқ карда мешавад:
  • иҷораи ҳамроҳаи ҳар як метри мураббаъи масоҳати анборҳои пўшида, ҷиҳати фаъолияти тиҷоратӣ оид ба нигоҳ доштан, банду баст кардан ва саракорӣ ба мўҳлати то 3 моҳ баробари 5 доллари ИМА мебошад. Дар ҳолати 3 моҳ зиёд шудани мўҳлати иҷора пули иҷора то фоиз кам карда мешавад.
  • иҷораи ҳамроҳаи як метри мураббаъи масоҳати биноҳои маъмурӣ ҷиҳати фаъолияти маъмурӣ ба мўҳлати то як сол баробари 7 доллари ИМА буда, дар мавриди аз як сол зиёд шудани мўҳлати иҷора пули иҷора то 10 фоиз кам карда мешавад.
  • иҷораи ҳарсолаи ҳар як метри мураббаъи майдонҳои пўшидаи доимӣ ҷиҳати фаъолияти истеҳсолӣ ба мўҳлати то 15 сол баробари 3 доллари ИМА аст.
  • иҷораи ҳарсолаи ҳар як метри мураббаъи қитъаи замин баробари як доллари ИМА мебошад.

Дар ниҳоии пардохтҳои муқарраршуда метавонад бо қарори мақоми ваколатдори давлатии идоракунии давлатии идоракунии МОИ дар асоси таклифҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки Маъмурияти МОИ тағйир дода шавад.

  1. Хароҷоти нигоҳдорӣ, таъмири масоҳати истифодаи умумӣ ва ободонии онҳо роҳҳои даромад ва дохилии автомобилгард, майдончаҳои муоинат, кабудизоргардонӣ ва ғайра аз тарафи ширкати идоракунанда аз ҳисоби маблағи худ ва пардохтпулии резидентҳои МОИ аз рўи тарифҳои бо Маъмурияти МОИ мувофиқшуда сурат мегирад.
  2. Дар МОИ “Панҷ” муомилоти озоди пули миллӣ ва хориҷӣ пешбинӣ меградад. Ҳамаи субъектҳои МОИ метавонад суратҳисобҳои пули миллию хориҷӣ дошта бошанд, пули миллӣ ва хориҷиро бо қурби мавҷудаи доираи шаклҳои иҷозатдодашудаи хариду фурўши асъор ба таври озодона бихаранд ва ҳамчунин пули дар суратҳисоб доштаашонро чи дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва чи берун аз он истифода намоянд.
  3. Дар ҳолате, ки сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои худро дар соҳаҳои, афзалиятноки минтақаи озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян мешаванд, истифода менамоянд, қисме аз фоида, ки бо пули хориҷӣ ба даст меояд, метавонад бо қурби мувофиқанамудаи ҷонибҳо аз ҳисоби пули тарафҳои манфиатдор интиқол дода шавад.
  4. Субъектҳои МОИ метавонанд аз ҳисоби фондҳои асъории ташаккулёфтаи худӣ ба коргарони худ бо пули хориҷӣ дар байни худ амалӣ гардонанд.
  5. Пули корхонаҳои хориҷӣ ва муштарака, бе маҳдудият ба воситаи бонкҳои минтақа дар ҳудуди шабакаи амалиётии ҷорӣ, аз ҷумла бо истифодаи бевоситаи сарутҳисобҳои муросилоти худ дар ташкилотҳои бонкии хориҷӣ интиқол дода мешаванд. Дар МОИ метавонанд сарбонк, бонкҳои тиҷоратӣ, сармоявӣ ва дигар бонкҳои махсус ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шаванд. Ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, чи дар ҳудуди минтақа ва чи берун аз он тавассути суратҳисобҳои муросилотӣ, ки дар сарбонки МОИ кушода мешаванд, амалӣ гардонида мешаванд. Сарбонки МОИ ба амалиёти қарзию молиявӣ, муомилоти ҳама намуди пул назорат мекунад, фондҳои махсуси захиравиро (бо пули миллӣ ва хориҷӣ) дар ҳудуди МОИ ташкил мекунад.
  1. Фаъолияти молиявии хоҷагидории субъектҳои МОИ
  1. Субъектҳои МОИ ўҳдадоранд:
  • тибқи тартиби муқарраргирдида баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти молиявии хоҷагидорӣ амалӣ гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ эъломияҳоро дар бораи фоида ва хароҷот аз рўи шакли муқарраршуда, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рўи андози иҷтимоӣ дар чор нусха ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва муълумотҳои бо ҳисоб ва пардохти андоз алоқамандро пешниҳод намоянд. Як нусхаи ҳисоббаробаркуниҳо оид ба андози иҷтимоӣ аз ҷониби Маъмурияти МОИ ба нозироти андози ноҳияе, ки дар он МОИ ҷойгир аст, пешниҳод мешавад, нусхаи дуюм ба мақомоти таъминоти иҷтимоӣ ва нусхаи сеюм ба мақомоти омор пешниҳод мешавад;
  • пардохтҳои ваколатдори Маъмурияти МОИ ва ё коршиносони даъватшударо барои тафтиши фаъолияти молиявии хоҷагидории субъектҳои фаъолияти МОИ, ташхис ва андешидани чораҳои зиддиэпидемиологӣ ва эҳтиёт аз сўхтор ва чораҳои дигар ба биноҳои ба иҷора ва истифода додашуда, инчунин барои тафтиши ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохти андозҳо дар вақти корӣ роҳ диҳанд.
  1. Субъектҳои хоҷагидорӣ ўҳдадоранд, ки муқаррароти маъмурияти МОИ-ро риоя намоянд, дар ҳолати норозигӣ дар муддати 3 рўз сабабҳои норозигии худро ба таври хаттӣ ба Маъмурияти МОИ ва мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати пешниҳоди норизонома субъект ҳуқуқ дорад то қабули қарор аз тарафи сардори мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррароти аз тарафи Маъмурияти МОИ пешниҳодшударо иҷро нанамояд.

Дар ҳолати норозигӣ аз қарори қабулкардаи сардори мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ субъекти хоҷагидори ҳуқуқ дорад дар муддати як моҳ аз рўзи қабули қарор ба суд муроҷиат намояд. Дар ҳолати амалҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодиро нодуруст ҳисоб кардани суд, ин мақом ўҳдадор аст, ки талафоти субъект ва фоидаи дар назардоштаи субъектро ҷуброн намояд.

  1. Субъекти хоҷагидорӣ, ки дар МОИ ба қайд гирифта шудаанд, ўҳдадоранд пас аз тафтиши аудитор-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дорад, тавозуни муҳосибӣ ва эъломияро дар бораи даромад ва хароҷот ба Маъмурияти МОИ пешниҳод намояд. Хулосаи аудиториро субъекти хоҷагидории МОИ ўҳдадор аст дар давоми семоҳаи аввал баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод намояд.

Дар ҳолати аз тарафи субъекти хоҷагидории МОИ дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани хулосаи аудитӣ аз субъекти хоҷагидорӣ ҷарима ситонида мешавад.

  1. Барои субъектҳои МОИ соли молиявӣ давраест, ки 1 январ оғоз меёбад ва 31 декабр ба охир мерасад. Дар охири ҳар соли солиявӣ субъектҳои МОИ ўҳдадоранд, ки аудити активҳо, ўҳдадориҳо, даромадҳо ва талафотро бо мақсади омода намудани тавозуни солона ва ҳисобот оид ба натиҷаҳои молиявии фаъолияти хеш амалӣ гардонанд. Субъектҳои МОИ ҳамаи ислоҳот ва тағйиротро дар сармоя оид ба пуррагардонии фонди оинномавӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, дар эъломия зикр менамоянд.
  2. Низоми гумрукӣ дар МОИ
  1. Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарҳадҳои ҳудуди МОИ “Панҷ” сарҳадҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Моли дар ҳудуди МОИ “Панҷ” ҷойгиршуда бо мақсади истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин мамнўъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун берун аз қаламрави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

  1. Молҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар ҳудуди МОИ таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодабарии мамнўият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
  2. Барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молҳо дар ҳудуди МОИ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти тиҷорати хориҷӣ анҷом дода мешавад.
  3. Анҷоми амали низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ва муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол тибқи муқаррароти қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молҳои аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ содиршаванда амалӣ гардонида мешавад.
  1. Низоми андозбандӣ дар МОИ
  1. Дар МОИ низоми имтиёзноки андозбандӣ амал мекунад, ба истиснои субъектҳои МОИ, ки дар бораи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонанд. Хизматрасониҳои субъектҳои МОИ дар бозори дохилӣ бо андози арзиши тловашуда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд. Таҳти мафҳуми хизматрасонӣ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳое фаҳмида мешаванд, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
  2. Дар ҳудуди МОИ фаъолияти соҳибкории субъектҳои МОИ сарфи назар аз шакли моликияташон аз ҳама гуна андозбандиҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ, озод карда мешавад.

Андози иҷтимоӣ аз тарафи субъектҳои МОИ мутобиқи боби 35 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

  1. Андоз аз даромади шахсони воқеии кироякори субъектҳои МОИ ситонида намешавад.

Мутахассисони хориҷӣ дар мўҳлати эътибори иҷозатномаи кор ва истиқомат аз пардохти андоз аз даромад бо шарти доштани шаҳодатномаи пардохти ҳамин намуди андоз дар кишвари худ ба даромади аз субъекти МОИ бадастомада озод карда мешаванд.

Агар мутахассиси хориҷӣ дар кишвари худаш андоз аз даромадро пардохт нанамояд, он гоҳ ў ўҳдадор аст, ки андоз аз даромадро мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд, вале барои кам кардани меъёри андоз ба андозаи 50 фоиз бо мақсади ҳисобӣ намудани ўҳдадориҳои андоз аз даромад ҳуқуқ дорад.

  1. Назорати пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воқеии кироякори МОИ ба ўҳдаи маъмурияти МОИ вогузор карда мешавад.
  2. Даромад ё музди меҳнати сармоягузорони хориҷӣ, ки бо пули хориҷӣ пардохта шудааст, бидуни монеа метавонад ба хориҷи кишвар интиқол дода шавад, дар ин ҳол аз он андоз ситонида намешавад.
  3. Даромад дар шакли фоизи қарзҳои барои дар минтақа амалӣ гардонидани барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ва минтақавӣ аз пардохти андоз озод карда мешавад.
  4. Таъмини қувваи барқ, обу канализатсия аз сарчашмаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди МОИ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва дигар навъҳои андози дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда муқаррар карда мешавад.
  1. Тартиби ситонидани андозҳо ба буҷет ва аз буҷет бозпас додани андозҳои нодуруст пардохтшуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ
  1. Маблағи андози иҷтимоӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар мўҳлати муқарраршуда ворид нагардидаанд, инчунин даромад аз амалиётҳои иҷронашуда ва ҷарима барои пинҳонкунӣ (камнишондиҳи)-и маблағи андозҳо аз ҷониби Маъмурияти МОИ бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории андоз ситонида мешаванд. Дар ҳолати аз ҷониби субъектҳои МОИ иҷро нагардидани ўҳдадориҳои молиявӣ маблағи онҳо бо тартиби судӣ ситонидани мешавад.
  2. Маблағи андозҳои ба буҷет зиёдатӣ пардохтшуда, ки дар натиҷаи нодуруст интиқол гардидани он ва ё вайронкунии тартиби андозситонӣ ба вуқўъ омадааст, бозпас гардонида мешавад ё бо хоҳиши пардохткунанда ба ҳисоби дигар пардохтҳои минбаъда гузаронида мешавад, агар аз мўҳлати воридшавии он як сол сипарӣ нашуда бошад. Андозҳои нодуруст пардохтшуда дар мўҳлати на зиёда аз як соли маълум гардидани пардохти нодуруст аз буҷет бозпас гардонида мешаванд.

Назорати иҷрои дурусти ин тартиботи андозситонӣ аз ҷониби Маъмурияти МОИ мутобиқи Низомномаи мазкур ва тартиби муқарраргардидаи қонунгузории андоз амалӣ карда мешавад.

  1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар МОИ “Панҷ
  1. Муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаҳои меҳнати кироя ва аз кор озодкунӣ, интизоми меҳнат ва истироҳат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронпулиҳои субъектҳои МОИ ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастҷамъӣ ва (ё) шартномаҳои инфиродии меҳнатӣ (қарордодҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисон танзим карда мешаванд.

Шароит ва ҳаҷми музди меҳнат инчунин дигар намудҳои даромади кормандон ба пули миллӣ ва ё хориҷӣ аз тарафи субъектҳои МОИ мустақилона аз ҳисоби маблағҳои худӣ муқаррар карда мешаванд. Шартҳои шартномаҳои меҳнатии дастҷамъӣ ва инфиродӣ ҳолати кормандони ин ташкилотҳоро дар муқоиса бо шартҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат инчунин эъломияҳои Созмони байналмилалии меҳнат наметавонанд бад созанд.

  1. Мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур субъекти МОИ ҳуқуқҳои зеринро дорост.
  • бемонеа гирифтани иҷозатномаи кор барои кормандони муассиса, ки шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва шумораашон дар охири соли 5-уми фаъолияти истеҳсолӣ набояд зиёда аз 20 фоизи ҳисоби умумии кормандонро ташкил диҳанд.
  • гирифтани раводид ва иҷозатнома барои кор дар мўҳлати қарордоди меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди МОИ;
  • ба Маъмурияти МОИ ё мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дархостҳо барои мусоидат гамудан ба гирифтани даъватнома (раводид) ва гирифтани иҷозатномаи кор пешниҳод намоянд ва ин мақомот бояд ба шаҳрвандони хориҷии кироякори субъекти МОИ иҷозатномаи кор ва истиқоматро диҳанд.

Маъмурияти МОИ иҷозатномаро ба дархосткунандаи хизматрасонии субъектҳои МОИ, ки дар вазифаи идоракунӣ ё техникӣ фаъолият доранд, ба мўҳлати дархостшуда мувофиқи мўҳлати эътибори қарордоди кироя, ки миёни корфармо ва шаҳрванди хориҷӣ баста шудааст, медиҳад.

Маъмурияти МОИ иҷозатномаи кор, ҳамчунин дархостномаро барои истиқомат ба мўҳлати 5 сол медҳад.

Кормандони хориҷии субъектҳои МОИ, ки раводид ва анҷоми кор гирифтаанд, дар шўъбаи раводид ва бақайдгири дар мўҳлати эътибори раводидашон ба қайд гирифта мешванд.

Мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳуқуқи аз аризадаиҳанда гирифтани тамоми маълумоти заруриро барои додани чунин иҷозатномаҳо, ки бояд беасос мавқуф гузошта нашавад, дорад.

Хизматрасиҳо барои додани иҷозатномаҳои кор ва истиқомат ба мутахассисони хориҷии субъектҳои МОИ ва аъзои оилаи онҳо аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии ваколатдори дахлдор пулакӣ мешавад.

  1. Субъектҳои МОИ ҳар моҳ музди меҳнати ҳамаи кормандонро пардохт мекунанд. Дар ҳолати бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнати кормандон, маъмурияти МОИ дар доираи ваколтаҳои худ нисбати субъекти МОИ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур, ки ба ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва хизматчиён равона шудааст, ҳуқуқ дорад чораҳо андешад.

Коргарон ва мутахассисони субъектҳои МОИ метавонад мутобиқи шартномаи меҳнатӣ музди меҳнати худро бо пули миллӣ ё хориҷӣ гиранд, инчунин метавонанд ҳангоми рафтан ба сафарҳои хизматӣ маблағро бо пули хориҷӣ барои хароҷоти сафари хизматӣ гиранд.

Кормандони хориҷӣ музди меҳнати худро бо пули миллӣ ё хориҷӣ пас аз пардохт андозҳо метавонанд бе мамонат ба хориҷа баранд.

  1. Субъектҳои МОИ бояд:
  • қарордоди меҳнатиро барои ҳар кормандони МОИ ҳангоми муроҷиат барои гирифтани раводиди доимӣ 72 соат аз расида омадани хизматчӣ гиранд:
  • ҳамаи кормандон ва хизматчиён бо либоси махсус ва техникаи бехатарии кор таъмин намоянд:
  • бедарак ғайб задани ҳар як кормандони худро фавран ба Маъмурияти МОИ хабар диҳанд;
  • кормандони худро бо ҷои истиқомат таъмин намоянд;
  • кормандони худро ҳатман суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ кунанд;
  • ҷавобгарии моддаи зарареро, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расидааст, инчунин товони осеби меҳнатии бо гуноҳи корхона дар ҳудуди он расидаро ба зимма гиранд.
  1. Дар ҳудуди МОИ корпартоӣ ба мўҳлати 10 сол аз оғози фаъолияти субъектҳои МОИ манъ шудааст.
  1. Тартиби дохилшавӣ ба МОИ “Панҷ” ва хориҷшавӣ аз он
  1. Дар ҳудуди МОИ низоми соддаи дохилшавӣ ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида амал мекунад, ки ин матолибро дар бар мегирад:
  • кам кардани 50 фоизи маблағи пардохтҳои консулӣ:
  • кам кардани мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани раводидҳои дохилшавӣ ва хориҷшавӣ;
  • додани раводидҳои дохилшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба МОИ равонаанд;
  • дигар хизматрасониҳои иттилоотию ҳуқуқӣ ва машваратӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои МОИ мувофиқ бо равандҳои тағйирёбандаи рушди минтақаи озоди иқтисоди пешбинӣ шудаанд.
  1. Субъекти МОИ дар ҳолати зарурӣ гирифтани раводиди кормандони даъватшудаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муқарраршуда як моҳ пеш аз омадани кормандон дархост пешниҳод мекунад.

Маъмурияти МОИ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои иқтисодӣ дархостномаро баррасӣ намуда, ба субъекти МОИ дар бораи имконияти бақайдгирии кормандони зикршуда мушаххасан доир ба ҳар кадом номзад хабар медиҳад.

Номгўи шахсоне, ки ба кори МОИ омадаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешаванд ва барои баррасӣ ва мувофиқа кардани он ба идораҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии маҳалли будубоши кормандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Маъмурияти МОИ шахсони омадаро бо намояндаи субъекти МОИ ва аз ҳисоби ў пешвоз гирифта, то ҳудуди МОИ ҳамроҳӣ мекунад.

Тартиб ба хориҷ рафтани шаҳрвандони хориҷие, ки дар МОИ кор кардаанд, айнан чунин мебошанд.

  1. Маъмурияти МОИ барои гирифтан, тамдид ва аз эътибор соқит донистани раводиди шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳар моҳ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйхати шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба кори МОИ омадаанд, бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамоянд.

  1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ҳудуди наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хизматӣ, корӣ, хусусӣ ва фаъолияти меҳнатӣ бо иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд. Шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва иқомат мекунанд. Масъалаҳои бақайдгирӣ, сабти маҳаллии иқомати муваққатӣ, воридшавӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби мақоми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Маъмурияти МОИ ҳаллу фасл карда мешавад.
  1. Мўҳлати амали МОИ “Панҷ
  1. Мўҳлати амали МОИ “Панҷ” 25 сол мебошад.

Мўҳлати давраи гузариш ҳангоми ҷорӣ кардани низоми МОИ аз тарафи маъмурияти минтақа на зиёдтар аз 7 сол рўзи қабул кардани қарор Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ба таври воқеӣ аз худ намудани ҳудуд ва ташаккули иншооти МОИ истифода мешавад.

Мўҳлат ва шартҳои давраи гузариш пеш аз қитъаи амали низоми МОИ аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад, дар ин маврид шартҳои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то қатъи амали минтақаи озоди иқтисодӣ фаро мерасад. Дар тамоми давраи амали низоми МОИ дар ҳудуди минтақа дар баробари забони давлатӣ забонҳои муомилоти байни давлатӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) забонҳои корӣ ҳисоб мераванд.

  1. Барои тамдиди мўҳлати амали МОИ “Панҷ” аз ҷониби маъмурияти МОИ ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ асосноккунии иқтисодӣ оид ба тамдиди мўҳлати фаъолияти МОИ “Панҷ” пешниҳод мегардад, ки инҳоро дар бар мегирад:
  • дурнамо ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ “Панҷ”;
  • арзёбии самараи фаъолияти МОИ “Панҷ.

 

  1. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ “Панҷ
  1. Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” вазифаи идоракунӣ ба зиммаи Маъмурияти МОИ буда, ба он роҳбар сарварӣ мекунад. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо ҳамин Низомнома оид ба МОИ “Панҷ” муайян карда мешавад.

Маъмурияти МОИ мақоми идоракунандаи МОИ “Панҷ” буда, ба фаъолият ва рушди МОИ “Панҷ” роҳбарӣ менамояд ва инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои мустақили МОИ-ро оид ба масъалаҳои дар салоҳияташ буда ҳамоҳанг месозад.

Маъмурияти МОИ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар шакли ташкилоти буҷавӣ таъсис дода шуда, дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амал мекунад. Дар мўҳри он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи МОИ “Панҷ” ба забонҳои давлатӣ ва англисӣ тасвир ёфта, суратҳисобҳо, рамзи махсус аломату нишонаҳои дигар дорад.

Маъмурияти МОИ дар фаъолияти худ аз рўи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Низомномаи мазкур дар бораи МОИ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар хилофи қонунгузорӣ дар бораи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд, амал мекунад.

Маъмурияти МОИ бо мақомоти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ҳамкории зич ба мақомоти дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ гардонидан ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои дигар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад, ба барқарорсозии стандартҳои байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва одоби корбарӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ аз рўи тартиби муқарраршуда ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Ҳаҷми маоши вазифавии роҳбарияти Маъмурияти МОИ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ваколатҳои Маъмурияти МОИ аз инҳо иборат аст:

  • таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаи рушди МОИ, аз ҷумла нақшаи генералии минтақа:
  • ташкил намудани буҷети минтақа, тасдиқ ва иҷрои он;
  • таҳияи ҷадвали ҷойгиронии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои онҳо, аз ҷумла хароҷоти молиявии ҳар як субъекти минтақаи озди иқтисодӣ ва пешниҳоди минбаъдаи он ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • тартиб додани сметаи хароҷот оид ба ободонии ҳудуди муайяншудаи минтақаи озоди иқтисодӣ;
  • мувофиқи нақшаи ҷойгиршавии инфрасохторҳои гумрукӣ бо мақоми гумрукӣ;
  • таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодӣ;
  • ташкили маҷмўи иттилоотию таҳлилии фаъолият ва рушди иқтисодии МОИ;
  • ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагон ва кормандони МОИ;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
  • назорати риояи низоми ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ ва ворид намудани тағйироти зарурӣ ба ин низом ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таъмини назорати давлатӣ ва назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ дар ҳудуди МОИ “Панҷ”, иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои рушди ҳудуди МОИ “Панҷ”;
  • пешниҳоди замин иҷора ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, инчунин дигар иншооти минтақа дар доираи қаламраве, ки барои минтақаи озоди иқтисодӣ ҷудо гардидааст;
  • ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубатор ва дигар сохторҳои зарурӣ барои фаъолият ва рушди минтақаи озоди иқтисодӣ;
  • ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҷалб мешаванд;
  • баҳодиҳӣ ва қабули қарорҳо бо пешниҳоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, танзими робитаҳои иқтисодии минтақаи озоди иқтисодӣ бо бозори байналмилалӣ;
  • ташкили омўзиш ва такмили ихтисоси кадрҳо барои минтақаи озоди иқтисодӣ, иштирок дар иҷрои сиёсати давлат дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа:
  • ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
  • ташкили бақайдгирии субъектҳои МОИ;
  • додани сертификат ба субъектҳои
  • бақайдгирии субъектҳои МОИ;
  • ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки дар ҳудуди МОИ “Панҷ” таъсис ва ташкил меёбанд ва инчунин филиалҳо ва намояндагиҳои муассисаҳо ё ташкилотҳои хориҷии дар ҳудуди МОИ воқеъбуда, ки бақайдгирии онҳо тибқи қонунгузорӣ дар доираи бақайдгирии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
  • бақайдгирии шартномаҳо дар бораи фаъолияти муштарак бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ;
  • ҷорӣ намудани қоидаҳое, ки фаъолияти соҳибкориро дар МОИ танзим мегардонанд ва ба қонунҳое, ки фаъолияти соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, хилоф нестанд.
  • такмили шаклҳои идоракунии хоҷагии МОИ ва амалгардонии идоракунии хоҷагӣ бо дарназардошти самараноки иқтисодии истифодаи масоҳати заминҳо давлатӣ ва моликияти хусусӣ дар ҳудуди МОИ;
  • таъмини азхудкунии маблағгузорӣ дар лоиҳае, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
  • иштирок дар тавсеа ва азнавсозии иншооти берун аз минтақа дар асоси тиҷоратҳо;
  • хизматрасонӣ барои гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;
  • ташкил ва назорати фаъолияти воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи ҳифзи иншооти МОИ. Сохтор ва шумораи воҳидҳои дар боло зикршуда аз ҷониби Маъмурияти Мои якҷоя бо ширкати идоракунанда дар мувофиқа бо вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • баҳодиҳии самаранокии ташкил ва фаъолияти МОИ;
  • амалигардонии дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.
  1. Иҷораи санадҳои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоҳияти он қабул гардидаанд, дар қаламрави минтақа барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
  2. Мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идораи давлатӣ дар доираи салоҳияти худ назорати молиявии хоҷагии фаъолияти Маъмурияти МОИ-ро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Фаъолияти Маъмурияти МОИ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад.

Мониторинги доимии амалиётҳои содиротию воридотӣ, ҳаракати молҳо ва бақияи дар анбор будаи онҳо, пардохти ҳамроҳаи андози иҷтимоӣ ва санҷиши фаъолияти молию хоҷагии субъектҳои МОИ-ро танҳо Маъмурияти МОИ амалӣ менамоянд.

Бо мақсади назорати дақиқи интиқол ва пардохти ҳатмии маблағҳо ба даромади буҷети МОИ ва амалӣ сохтани вазифаҳои назоратӣ аз рўи фаъолияти субъектҳои МОИ Маъмурияти МОИ мониторинги доимии ҳаракати молу маводи арзишноки субъектҳои МОИ-ро амалӣ гардонида, ҳар се моҳ ҳисоботи субъектҳои МОИ-ро қабул менамояд, ки рўйхат ва миқдори онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муқаррар карда мешаванд.

  1. Маъмурияти МОИ ва мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои фаъолияти худ чунин корҳоро иҷро мекунанд:

– дар асоси тендер метавонад ширкати идоракунандаро, ки ба талаботи муайян аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррашуда мувофиқ аст, интихоб намоянд ва ба зиммаи он масъалаҳои муайяни идораи хоҷагидории МОИ “Панҷ”-ро вогузор менамоянд;

– Маъмурияти МОИ бо ширкати идоракунанда оид ба идоракунии хоҷагидории тамоми ҳудуди МОИ, ба иҷора додани биноҳи, иншооти давлатии мавҷуда ва сохташуда, татбиқи ҳисоботи муомилоти мол дар МОИ ҷамъ намудани пардохтҳои ҳатмӣ аз субъектҳои МОИ ба фоидаи Маъмурияти МОИ, ки дар Низомномаи мазкур муқаррар шудаанд, пардохти 4 фоиз аз даромади ширкати идоракунанда ба фоидаи Маъмурияти МОИ, аз ҷумла аз даромадҳои ба нақша нагирифташуда барои хизматрасонӣ дар ҳудуди МОИ ва ғайра, ки бо мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мувофиқа карда шудааст, шартнома мебандад.

Маъмурияти МОИ ҳуқуқ дорад дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ қисми вазифаҳои худро дар асоси шартнома барои иҷро ба ширкати идоракунанда, аз ҷумла мониторинг ва гузаронидани ҳисобот, коргузорӣ, тозакунии бинои Маъмурияти МОИ, нигоҳдории нақлиёт, алоқа, фаъолияти рекламавӣ, нигоҳдории сайти МОИ ва ғайра диҳад.

  1. Маъмурияти МОИ ҳуқуқ дорад:

– барои рушди МОИ сармоягузорони ватанию хориҷӣ, воситаҳои молиявии ташкилотҳои хориҷиро дар шакли қарзҳои боимтиёз дар мувофиқа бо мақоми ваколатдории давлатии идоракунии минтақҳои озоди иқтисодӣ ва мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ, ташаккули фонди ҷумҳуриявии рушди МОИ аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи буҷети давлатӣ ҷудокардашуда, даромадҳои ғайрибуҷетӣ, пардохтҳои боимтиёз ва пардохтҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо, маблағҳои иҷораи замин, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ ва ҳуқуқҳоро ҷалб намояд. Таъинот, миқдор, принсипҳо ва сарчашмаҳои ташкил ва тартиби истифодабарии фонди ҷумҳуриявии рушди МОИ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии молиявӣ муайян карда мешаванд.

  1. Хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи Маъмурияти МОИ танҳо аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ иловатан ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳангоми банақшагирии сметавии буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
  2. Нишондиҳанда асосӣ барои таъини шахсҳо ба вазифаҳои роҳбарияти Маъмурияти МОИ чунинанд: маълумоти олии ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ, собиқаи корӣ дар вазифаи роҳбари ташкилот на кам аз 5 сол ё дар дастгоҳи сохторҳои давлатии молиявию иқтисодӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда на поён аз вазифаи сардори шўъба на кам аз 5 сол ва дар вазифаи хизматчии давлатӣ на кам аз 5 сол
  3. Роҳбари Маъмурияти МОИ:

– МОИ-ро дар ҳама ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ, байналмилалӣ, корхонаҳо, бонкҳо ва муассисаҳо намояндагӣ менамояд;

– барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Маъмурияти МОИ гузошташуда ҷавобгарии шахсӣ дорад.

  1. Роҳбарияти Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифаҳо фаъолияти мувофиқашудаи Маъмурияти МОИ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатиро барои ташаккулёбӣ ва рушди МОИ ҳамоҳанг сохта, оид ба ташкили ҳамкориҳо масъул мебошад.
  1. Ширкати идоракунанда
  1. Ширкати идоракунанда сармоягузори калон, субъекти № 1 дар МОИ “Панҷ” буда, фаъолият соҳибкории худро танҳо дар хизматрасонии тамоми ҳудуди МОИ “Панҷ” (аз ҷумла, муҳофизати ҳудуд ва иншоот, тоза намудани ҳудуд, баровардани партовҳо, корҳои дастӣ ва механиконидашудаи боркунию борфарорӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, иншоот ва нигоҳубини онҳо, таъмин бо қувваи барқ, об канализатсия, нақлиёт, ба кироя додани ҳудуд, офисҳо, анборҳо ва дигар биноҳо, пешниҳоди дигар хизматрасонӣ ва кор, инчунин ташкили рекламаи МОИ доир ба ҷалби сармоягузорон) аз ҳисоби худ амалӣ менамояд.
  2. Фаъолияти савдо аз тарафи ширккати идоракунанда манъ аст.
  3. Ширкати идоракунанда метавонад аз тарафи сармоягузорони ватанӣ ва (ё) хориҷӣ дар шахсӣ;

– як ширкат;

– ассотсиатсия;

– холдинги калон ва ғайра таъсис дода шавад.

  1. Баъд аз гузаронидани тендер Маъмурияти МОИ бо ширкати дар тендер ғолибомада ба мўҳлати то 25 сол қарордод мебандад, ки дар он ҳамаи шартҳою ўҳдадориҳои ширкати идооракунанда оид ба хизматрасонии МОИ “Панҷ” муайян мегардад.

Дар ҳолати вайронкунии шартҳои қарордод ё бесифат иҷро намудани вазифаҳои худ бо пешниҳоди Маъмурияти МОИ аз ширкати идоракунанда сертификат бозхоста шуда, қарордод бекор карда мешавад. Дар ҳолати баанҷомрасии мўҳлати 25-сола қарордод метавонад дароз ва ё бекор карда шавад ва молу мулк ба таасруфи давлат гузаронида мешавад.

  1. Тартиби барҳам додани МОИ “Панҷ
  1. МОИ “Панҷ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомнома доир ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 5 декабри соли 2005.№ 191 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, барҳам дода мешавад.
  2. МОИ “Панҷ” дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:
  • ба анҷом расидани мўҳлати фаъолияти МОИ, ки аз тарафи Низомномаи МОИ “Панҷ” муқаррар шудааст;
  • набудани пешниҳоди асосноки мақомоти воҳиди марзию маъмурӣ, ки дар ҳудуди он минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўҳлати фаъолияти он ҳангоми фаъолияти бомуваффақияти минтақаи озоди иқтисодӣ;
  • мувофиқ набудани фаъолияти МОИ ба манфиатҳои бехатарии давлатӣ, аз ҷумла бехатарии иқтисодӣ ва экологӣ;
  • бо пешниҳодоти асосноки мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ.
  1. Барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ дар дигар ҳолатҳо манъ мебошад.
  2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии дар МОИ ба қайд гирифташуда дар ҳолати барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои худ, ки дар қонунгузорӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд, маҳрум карда мешаванд.

Барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ягон оқибати ҳуқуқӣ ҷиҳати собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.

Мақоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодотро оид ба барҳам додани МОИ ирсол менамояд.

Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои таҳлили пурраи иқтисодии ба мақсад мувофиқ будани барҳамдиҳии МОИ комиссия таъсис медиҳад.

Дар асоси таҳлили пурра ва бо дарназардошти ақидаи мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодотро оид ба барҳам додани МОИ ва мўҳлати барҳам додани МОИ-ро барои баррасаӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани МОИ “Панҷ” қарор қабул менамояд.

  1. Нишонии Маъмурияти МОИ “Панҷ
  1. Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар суроғаи зайл ҷойгир аст:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Қумсангир, мавзеи Қарадум.