ИНФРАСОХТОР

Инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмуъи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техники ободонии минтақа ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад.

Субъект дар қитъаи замини ба иҷора гирифтааш, корхонаро пурра аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохта, инфрасохтори (панҷарабандии ҳудуд, кабудизоркуни, кашидани хати барқ, об, обпарто ва иншоотҳои ёрирасон) онро бунёд менамояд. Сохтмони инфрасохтор бояд тибқи лоиҳаи сохтмони иншоот, бизнес-нақша ва ё лоиҳаи сармоягузории Субъект, ки бо Маъмурияти МОИ мувофиқа карда шудааст, амалӣ карда шавад.

Субъект дар давраи сохтмони корхона ва истифодабарии он бояд пурра талаботҳои шаҳрсозӣ, бехатарии экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ, бехатарии сўхтор, техникаи бехатарии меҳнат ва дигар талаботҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, риоя намояд.

Ба субъектҳои (резидентҳо) МОИ ба ғайр аз шартҳои махсуси бақайдгирӣ, имтиёзҳои андозбандӣ ва имтиёзҳои гумрукӣ барои рушди соҳибкорӣ захираҳои иловагӣ дода мешаванд.

Қитъаҳои замин

Субъектҳо метавонанд барои истеҳсолот, аз анбор ва офисҳо истифода баранд, ки ин хароҷоти сармоягузорро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Айни замон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ барои сохтмони нав ва рушди инфрасохтор 371,53 гектар қитъаҳои замини озод мавҷуд мебошад.

Биноҳо ва иншоотҳое, ки дар ҳудуди МОИ  «Панҷ» ҷойгиранд, моликияти МОИ нестанд, онҳоро метавон аз соҳибон ба иҷора ё харидорӣ кард.

Ҳамаи ин ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки макони оптималии ҷойгиршавии корхонаро бо назардошти ҷузъҳои логистикии истеҳсоли он интихоб кунад.

  Иҷораи солонаи 1 м.кв. қитъаи замин барои фаъолияти истеҳсолӣ   0,50 доллар США.
  Иҷораи солонаи 1 м.кв. қитъаи замин барои фаъолияти хизматрасонӣ   1 доллар США.
  Иҷораи солонаи 1 м.кв. қитъаи замин барои фаъолияти савдо ва тиҷорат   1 доллар США.
  Иҷораи анбор   Шартнома бо соҳибмулк
  Хариди анбор   Шартнома бо соҳибмулк

 

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола марҳила ба марҳила барои сохтмони инфрасохтори МОИ ва барқарорсозии коммуникатсияҳо маблағҳои молиявӣ ҷудо менамояд.

Дастрасӣ ба нерӯи барқ

Зеристгоҳи барқии Қарадум 110\35\6, ки иқтидори умумии потенсиалӣ 28,5 мГВ, соат\барқ мебошад, дар айни ҳол, метавонад тамоми ниёзҳои саноатии корҳонаҳои МОИ «Панҷ» бо неруи барқи доимӣ таъмин намояд.

Дар наздикии МОИ «Панҷ» интернети баландсуръати нахи оптикӣ мавҷуд аст. Он дорои 4 истгоҳи асосии операторони мобилӣ мебошад.  Алоқаи нахи оптикӣ дастрасӣ ба Интернет ва наздиктарин истгоҳҳои АТС-ро дар саросари МОИ таъмин менамояд.

 

Дастрасӣ ба обу корезӣ

Дар пойгоҳи обтаъминкунии МОИ «Панҷ»   насосҳои обтаъминкуни бо иқтидори ЦНС 300/120 – 160кВт ду адад ва як адад насоси  ЦНС 30/90 – 30кВт мавҷуд мебошад, ва инчунин обанбор бо ғунҷриши 1.0 ҳазор метри  мукааб дар истифода қарор дорад, ки субъектҳои МОИ-ро ҳамавақт бо об таъмин менамояд.

Терминали гумрукӣ

Реҷаи минтақаи озоди гумрукӣ, ки дар ҳудуди МОИ «Панҷ»  амал мекунад, имкон медиҳад, ки воридоти молҳои ҳориҷӣ бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ворид карда шавад.

Терминали гумрукие, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки вақти гузаштан аз расмиёти гумрукӣ ба ҳадди ақалл кам карда мешавад.

Гузаргоҳи назорати воситаҳои нақлиёт дар даромадгоҳи МОИ бо системаҳои муосири ҳисобдорӣ ва назоратӣ муҷҷаҳаз гардидааст.

Лоиҳаҳои афзалиятноки МОИ «Панҷ»

Роҳи оҳан.

Айни замон корҳо оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани Колхозобод то МОИ «Панҷ» бо дарозии 60 км, идома дорад, ки баъди ба истифода додан логистикаи роҳи оҳанро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Шарқи Наздик, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Афғонистон меафзояд.

Лоиҳаи мазкур қисми ҷудонашавандаи лоиҳаи роҳи оҳани Колхозобод – Дусти – Панҷи Поён – Қундуз (ҶИА), ки масофаи 160 км-ро ташкил медиҳад.

Маркази логистикӣ.

Стратегияи рушди МОИ «Панҷ» таъсиси як маркази наклётии логистикиро дар ҳудуди масоҳати умумии 15 гектар замин пешбинӣ менамояд. Ба субъектҳо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои логистикӣ (ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, бастабандӣ). Барасмиятдарории гумрукии мол расонида мешавад.

Маркази дастгирии соҳибкорӣ ва инноватсионӣ.

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» таъсиси Маркази дастгирии соҳибкорӣ ва инноватсия дар назар аст.

Хизматҳои асосии марказ:

  • хизматрасониҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш дар самти пешбурди тиҷорат;
  • хизматрасониҳои машваратӣ дар таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
  • аудит, баҳодиҳӣ, баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ, гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ ва илмию техникӣ;
  • ҷустуҷуи шарикон, ширкатҳои консалтингӣ ва муассисаҳои молиявӣ барои татбиқи ғояҳои тиҷоратӣ.
 

Шахсоне, ки дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур мехоҳанд иштирок намоянд, лутфан бо телефони (+992)  44  600-55-85,  988-88-18-26,  900-25-43-00  ва  ё тавассути почтаи электронии  fezpanj@gmail.com  тамос гиред.