МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

ҲАДАФҲОИ ТАШКИЛИ  МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ 

Ҳадафҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ ин ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент – таъмини  иштироки  самараноки  иқтисодиёти  минтақа  ва  кишвар дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ – рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳои атрофи МОИ «Панҷ», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ –  ташкили шабакаи истеҳсолотӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза, бунёди истеҳсолоти молу маҳсулоти рақобатноки содиротӣ – бо кор таъмин намудани аҳолии минтақа ва ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳои иловагии корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақа.

Бо мақсади ҷалби сармоя ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”, ки метавонанд ҳам сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам сармоягузорони ватанӣ бошанд, имтиёзҳои андозу гумрукӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар минтақаи озоди иқтисодӣ ҳавасманд гардонидани истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ бо ҷалби технологияҳои наву замонавӣ пешбинӣ шудааст.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МОИ “ПАНҶ

Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №227 аз 2 майи 2008 сол, ки дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун  вилояти Хатлон бо масоҳати умумии 401,6 гектар замин ҳамчун минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 50 сол таъсис дода шудааст

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №700 аз 25 марти соли 2011 ва Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2008 таҳти №1147 тасдиқ шудааст, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии шакли комплексии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» (минбаъд – МОИ «Панҷ»)- ро муайян менамояд, фаъолияташро пеш мебарад

Минтақаи ҷойгиршавии МОИ “Панҷ” дорои шабакаҳои густурдаи роҳҳои ҳозиразамон барои гардиши нақлиёти мусофиркашу боркашон мебошад. Шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Кобул – Панҷи Поён аз назди Минтақа озоди иқтисодии “Панҷ” мегузарад, ки барои кашондани молҳои тиҷорати ба самти ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон хело қулай мебошад.

МОИ “Панҷ” минтақаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳудуди он низоми махсуси гумрук андоз, инчунин низоми соддагардонидашудаи бақайдгирии субъектҳои МОИ “Панҷ” (минбаъд – субъектҳои МОИ) ва ҳамчунин тартиби даромад ва баромади резиденту ѓайрирезидентҳои МОИ амалӣ мешавад.

Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” барои ташкил ва фаъолияти ташкилотҳо, корхонаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо ҷалби сармояҳои ватанӣ ва (ё) хориҷӣ ташкил мешаванд, низоми имтиёзнок созмон мешавад.

Ба сифати субъектҳои МОИ “Панҷ” соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онҳо эътироф карда мешаванд.

Ҷадвали муқоисавӣ оид ба андозбандӣ дар МОИ «Панҷ»

 


Номгуи андозҳо
 Дар ҳудуди  МОИ, %  Дар ҳолати муқаррарӣ
1.   Андоз аз арзиши иловашуда 0 18,0
2.   Андоз аз фоида 0 15,0
3.   Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 0 2,0
4.   Андоз аз замин барои 1га. 0 375 сомонӣ
5.   Андоз аз воситаҳои нақлиёт 0 миёна 7,0
6.   Андози иҷтимоӣ 20,0 20,0
7.   Андоз аз молу мулки ғайриманқул 0 0,75 сомонӣ
8.   Андоз аз даромад 12 12
9.   Андози ҳадди ақали даромади корхона 0 1,0
10.   Андоз аз фурӯш 0 6,0
11.   Андоз аз фурӯши нахи пахта 0 10,0
12.   Андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад 0 4,0
13.   Андози ягона барои истеҳсолкунандагони кишоварзӣ 0 100
14.   Боҷи  Гумрукӣ 0 от 5 до 15

 

Дар МОИ “Панҷ” мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёриҳои ҳуқуқи байналмилалӣ кафолатҳои зерин дода мешаванд;

  • Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ҳудуди МОИ “Панҷ” амал мекунанд, кафолат медиҳад.
  • ҳимояи ҳуқуқуи сармоягузориҳои хориҷӣ;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ – субъктҳои МОИ;
  • низоми ҳуқуқии сармоягузориҳои хориҷӣ бо низоми ҳуқуқии сармоягузориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аст;
  • тақсимоти низоми кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузорӣ ва истифодаи замин.
  • ба хориҷа интиқол додани даромадҳо ва маблағҳои дар натиҷаи ба даст овардани асъори хориҷӣ, ки қонунан тавассути фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.
  • давлат ҳатто баъди барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳимояи пурраи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳоро кафолат медиҳад.
  • дар сурати пеш аз мӯҳлати барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи бақайдгири ва шартҳо дар лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқ кафолат дода мешавад.

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» фаъолияти субъектҳои МОИ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ  ва андоз аз даромади шахсони воқеъи бо тарзи кироя коркунанда озод карда мешаванд.

Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда аз тарафи  субъектҳои МОИ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.

Даромади бадастомада ё музди меҳнати сармоягузорони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин ҳолат аз андоз озод мебошанд.

Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе  пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.

Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозхо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд.

Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисоди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусиятӣ иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд.

Намудҳои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Панҷ»: 

  • коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ, матоъҳои сунъӣ ва ғайра;
  • истеҳсоли курсию мебел;
  • истеҳсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;
  • мошинсозӣ (васлкунӣ ва истеҳсоли автомобилҳо, тракторҳо ва  ғайра);
  • истеҳсоли лўлаҳои ѓайриметаллӣ барои соҳаҳои гуногун;
  • истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, радиоэлектронӣ ва техникаи маишӣ;
  • истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва биоиловагиҳо барои соҳаи кишоварзӣ;
  • коркарди сангҳои кўҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ;
  • истеҳсоли нахҳои шишагӣ, рухомӣ ва маҳсулоти тайёр аз онҳо;
  • истеҳсоли симҳои электрикии гуногунтамға;
  • истеҳсоли маҳсулоти атторӣ ва маводҳои шустушўйии кимиёвӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ва доруворӣ;
  • истеҳсоли таҷҳизоту лавозимот барои соҳаи тандурустӣ;
  • ба роҳ мондани маркази хизматрасонии логистикӣ ;
  • фаъолият дар самти тадқиқоти илмию техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарҳо.

Фаъолияти МОИ “Панҷ” ба тариқи зайл ба танзим дароварда мешавад:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”;
  • Низомномаи МОИ “Панҷ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”;
  • Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боби 49 – асосҳои андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боби 32 – “минтақаҳои озоди иқтисодӣ”;
  • Шартномаи Киёто аз 14 майи соли 1973.

Маъмурияти МОИ “Панҷ” дастгирии ҳамаҷонибаи худро, аз ҷумла дар ҳалли масъалаҳои бақайдгирӣ, ки имкон медиҳад, истифода аз принсипи “равзанаи ягона” аз идеяи лоиҳаи сармоягузорӣ то бақайдгирии корхона ҳамчун субъекти соҳибкорӣ аз 3 то 15 рӯз ва ҳамчун субъекти МОИ аз 7 то 15 рӯз давом диҳад.

 

Меъёр ва ченакҳои асосии амалӣ гардонидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Панҷ”

  • ҳаҷми сармоягузори барои фаъолияти истеҳсолӣ на камтар аз 500 ҳаз. доллари ИМА;
  • ҳаҷми сармоягузорӣ дар фаъолияти содиротӣ ва воридотӣ на камтар аз 50 ҳаз. доллари ИМА;
  • ҳаҷми сармоягузорӣ дар фаъолияти хизматрасонӣ на камтар аз 10 ҳаз. доллари ИМА;
  • таъсис ё рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ё воридотивазкунанда.

 

Ҳоло дар Маъмурияти МОИ “Панҷ” Бизнес – нақшаҳои истеҳсоли мармар, доломит, сохтмони корхонаи қанд, сохтмони корхонаи коркард ва истеҳсолӣ шарбати анор, сохтмони маркази хизматрасонии логистикӣ, сохтмони корхонаи шиша, сохтмони корхонаҳои панелҳои офтобӣ ва ғайра тартиб дода мешавад. Дар сурати таваҷҷуҳ ба ин лоиҳаҳо Маъмурияти МОИ “Панҷ” омода аст, ки дар заминаи судманд ҳамкорӣ намояд.

ВОХУРИҲО ВА ГУФТУШУНИДҲОИ МАЪМУРИЯТИ МОИ.

Дар соли гузашта аз ҷониби Маъмурияти МОИ бо Сафирони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, намояндагони тиҷоратии онҳо ва сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ, бо тариқи интернет ва алоқаи мобилӣ ва инчунин 120 вохуриҳо  низ гузаронида шуд, ки инҳо  намояндагон ва сармоягузорон аз  Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Канада, Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Англия ва Федератсияи Россия мебошанд.

Ин вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо имкон додан, ки ширкатҳо ҳамчун субъекти МОИ “Панҷ” ҷалб карда шаванд. Айни замон дар МОИ “Панҷ” 12 субъект дар соҳаҳои гуногун ба қайд гирифта шудаанд: истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фаъолияти воридот ва содирот (тиҷоратӣ), хизматрасонӣ, корхонаи коркарди равған, коркард ва истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ, бунёди сардхона, коркарди нафт ва истеҳсоли биоэтанол, истеҳсоли аккумулятор ва панелҳои офтоби, коркард ва истеҳсоли ғӯллачаҳои ҷуворимакка, сехҳои банду басти автомобилҳои сабукрави барқӣ, якчанд намудҳои дучархаҳои барқи ва ғайра. Зиёда бо 30 ширкатҳои ватанию хориҷӣ гуфтушинидҳо идома дорад.

 

 

Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷбарои  ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода аст.