ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ «ПАНҶ»

Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иктисодӣ 

Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.

Маҷмуъи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузори ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.

Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пас аз пардохти андозҳо ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва дигар маблағҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ  ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.

Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.

Дар сурати пеш аз мўҳлат барҳамхўрии  минтақаи озоди иқтисодӣ  ба субъектҳои  минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти  минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.

Ҳуқуқҳои субъектҳои МОИ: 

  • бо иштироки сармоягузорони ватанию хориҷӣ ташкилотҳои муштарак таъсис диҳанд;
  • дар асоси шартномаҳо ва тибқи талаботи қонунгузорӣ  фаъолияти хоҷагидориро амалӣ намоянд, озодона шарикону мазмуни шартномаро интихоб намоянд, ўҳдадориҳо, инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагидориро муайян намоянд;
  • мустақилона фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи молҳо (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин аз нав сармоягузориҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом диҳанд, ба шарте, ки хусусияти ин амалиётҳо хилофи қонунгузорӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд;
  • аз бонкҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳамагуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии хориҷиро ҷалб намоянд;
  • дар минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамагуна сармоягузориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашударо татбиқ намоянд;
  • истифодаи қитъаи заминро дар асоси шартнома дар бораи иҷораи мўҳлатнок, иҷораи такрории молу мулк, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи гузашти истифодабариро ба ворисони ҳуқуқӣ аз рўи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки шартномаи иҷораро имзо кардаанд, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро амалӣ намоянд;
  • шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси шартнома ба кор қабул намоянд;
  • барномаҳои истеҳсолиро мустақилона таҳия менамоянд;
  • ҳаргуна фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст, анҷом диҳанд.

Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ берун аз ҳудуди МОИ «Панҷ» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шаванд.

Кафолати ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои субъектҳои МОИ 

Давлат риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии субъектҳои  МОИ-ро, ки дар ҳудуди МОИ «Панҷ» фаъолият доранд, кафолат медиҳад.

Дар МОИ «Панҷ» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ кафолатҳои зерин дода мешавад:

  • ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии  субъктҳои МОИ;
  • низоми баробари ҳуқуқии сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ;
  • роҳ надодан ба ҳеҷ гуна табъизи ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ.