Вохурии Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар МОИ “Панҷ”

      Санаи 25.04.2024 сол,  соҳибкорон  ва намояндагонии   ширкатҳои Чини  бо  роҳбарии  Ванг Минг – Директори  тиҷоратии  ширкати Чинии  “Golden  Concord Holdings”, ки самти фаъолияташ занҷираи истеҳсоли таҷҳизотҳои фотоэлектрики, истеҳсоли  батареяҳои литии барои  ҷаъмкунии  барқ  дар ҳаҷмҳои ниҳоят калон, энергетикаи  рақами, истеҳсоли  энергияи  ҳидрогени, энергияи  сабз  ва истеҳсоли  нимноқилҳо мебошад, ба  Маъмурияти МОИ  “Панҷ” ташриф оварданд.    

    Дар рафти вохури  меҳмонони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ дидан намуда бо роҳбарони як қатор субъектҳо суҳбатҳо гузарониданд.  Дар рафти суҳбат ба меҳмонон оиди  қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва меҳмонон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

      Меҳмонон  изҳор намуданд, ки   бо таҳлили  ҳаматарафаи   иқтисодӣ  намудани бозорҳои кишварҳои ҳамсояҳо, барои дар оянда  ташкил намудани  корхонаҳои саноатӣ дар МОИ хулосаи  худро  баён менамоянд.