Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Туркия.

Дар санаи 25 апрели соли 2024 роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» бо соҳибкор Озкана Бутун аз Ҷумҳурии Туркия мулоқот намуд.

Ба соҳибкори мазкур буклету брашураҳои МОИ “Панҷ”  дода  шуда, оид ба фаъолияти МОИ, қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозу гумрукӣ, инчунин вазъи кунунии МОИ маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Дар вохури роҳбарияти Маъмурияти МОИ, соҳибкори турк Озҷана Бютунро ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар МОИ «Панҷ» даъват намуда, якчанд лоиҳаи сармоягузори муаррифӣ карда шуд. Сармоягузори турк ҳавасманди оиди бунёди корхонаи истеҳсоли шакарро интихоб намуд.

Сармоягузори мазкур ваъда доданд, ки баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва машварат бо шарикон дар мавриди сабти ном дар Маъмурияти МОИ ибрози назар мекунад.