Иштироки Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон

Санаи 18 апрели соли ҷори дар МД “Китобхонаи Милли” Ҷаласаи 6-уми Шурои соҳибкорони Узбекистону Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сардори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Маъмурияти МОИ “Панҷ” Садирова Гулноза  иштирок намуд.

Баъд аз Ҷаласа вохурии В2В баргузор гардид, ки дар он намояндаи Маъмурияти МОИ “Панҷ” Садирова Гулноза бо соҳибкорони Ҷумҳурии Узбекистон, намояндаигони корхонаҳои насоҷии  “NODIR TEX GROUP”, “SAODATXON TEKSTIL” ва “TOMIRIS TEKSTIL” гуфтушунид намуд. Ба намояндагони корхонаҳои насоҷӣ буклету брашураҳои МОИ “Панҷ” дода шуд, ва оид ба фаъолияти минтақа, оид ба қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Дар охири вохури намояндаи Маъумурияти МОИ намояндагони корхонаҳои насоҷии дар боло зикршударо барои фаъолият намудан дар МОИ “Панҷ” даъват намуд, ки аз ҷониби онҳо хело нағз пазируфта шуд, ва онҳо ваъда доданд, ки аз МОИ “Панҷ” дидан менамоянд.