Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» бо роҳбари Ширкати “Холид Сиддиқӣ”-и ҶИ Афғонистон.

Дар санаи  15. 04.2024 сол  роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ”  бо роҳбари  Ширкати “Холид Сиддиқӣ” – Сиддиқӣ Ҳоҷи Холид, ки  дар ҶИ  Афғонистон корхонаҳои  истеҳсолӣ мебел, коркарди хушкмевагиҳо ва инчунин ба хизматрасони ҳавоӣ машғул мебошад, вохури доир гардид.

Дар рафти боздид аз минтақа соҳибкор Сиддиқӣ Ҳоҷи Холид аз корхонаҳои субъектҳои МОИ дидан намуда  бо намояндагон ва роҳбарони як қатори онҳо суҳбат ороста шуд. Ба соҳибкор Сиддиқӣ Ҳоҷи Холид аз фаъолияти минтақа, оид ба қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Дар  рафти суҳбат роҳбари  Ширкати “Холид Сиддиқӣ” – Сиддиқӣ Ҳоҷи Холид изҳор намуд, ки мехоҳад дар минтақа якчанд корхонаҳои истеҳсолиро ба роҳ монад. Дар натиҷа бо сармоягузор Ёддошти Тафоҳуми ҳамкори ба имзо расонида шуд.

Ҳуҷҷатҳои лозима аз тарафи соҳибкори мазкур ба Бахши Бақайдгирии раёсати андози ноҳия ва ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” барои субъекти МОИ шудан пешниҳод карда шуд.