Вохурии Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо Роҳбарони як қатор Ширкатҳои соҳаҳои нафт, сардхонаҳо, соҳибкорон ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар МОИ “Панҷ”

      Дар санаи 25.03.2024 сол,  дар  воридгоҳи  асосии   МОИ “Панҷ”   вохури  бо намояндагони  ширкатҳо ва  сармоягузорони Чини  вохури  баргузор  гардид,   аз ҷумла; 

  • Роҳбари гуруҳ Ван Хай Ян намояндаи соҳибкорну сармоягузорони Чини,
  • Ли Гу Ву – намояндаи  корхонаи  истеҳсоли  маҳсулоти нафти  ва хурока, 
  • Ян Ҷи Мин – Намояндаи корхонаи  истеҳсоли   сардхонаҳои  калони саноати,
  • Ли Ай Ҷинг –Мененҷери  корхонаи  истеҳсоли   сардхонаҳои  калони саноати,
  • Лу Ен Ронг ва Шю Ҷи – Намояндагони  корхонаи истеҳсоли  дастгоҳо ва таҷҳизотҳо  барои корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти  нафтӣ ва дигар соҳибкорону сармоягузорони Чини.

        Дар рафти вохури  меҳмонони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ дидан намуда бо роҳбарони як қатор субъектҳо суҳбатҳо гузарониданд.

       Роҳбарияти Маъмурият меҳмононро ба маҷлисгоҳи МОИ даъват намуда оид ба  қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва меҳмонон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

      Дар охири суҳбат меҳмонон  изҳор карданд, ки   бо таҳлили  ҳаматарафаи   иқтисоди  барои дар оянда дар МОИ “Панҷ”  фаъолият  намудан хулосаи  худро дар моҳҳои наздик  баён менамоянд.