Ташрифи намояндагони UNIDO DAS ба Маъмурияти МОИ “Панҷ”

Дар санаи  12 марти соли 2024 Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ”  намояндагони Барномаи миссияи дастаи UNIDO DAS бо роҳбарии Мушовири калон оид ба табдили рақамӣ ва Ал, дирексияи ҳамкории техникӣ ва рушди устувори саноатӣ шӯъбаи табдили рақамӣ ва стратегияҳои Алро дар МОИ “Панҷ” ба ҳузур пазируфт.

Намояндагони Барномаи миссияи дастаи UNIDO DAS, аз минтақа дидан намуда аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ хабардор шуда бо роҳбарони як қатор субъектҳо суҳбатҳо гузарониданд.

Роҳбарияти Маъмурият меҳмононро ба маҷлисгоҳи МОИ даъват намуда оид ба  қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳадафи намояндагони ташрифоварда, ин суръат бахшидан ба муҳокима, гуфтушунид ва арзёбии лоиҳаи технологияҳои рақамӣ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор дар Тоҷикистон. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба табдили рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи пешниҳоднамуда оиди Трансформатсияи рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ: дастгирии ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарияти Маъмурият аз пешниҳодҳои намояндагони барномаи миссияи дастаи UNIDO DAS дастгири намуда, намоянлагонро бовари кунонданд, ки  дар оянда барои ҳамкори омода мебошанд.