Иштироки роҳбарияти Маъмурият МОИ “Панҷ” дар Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳи таҳти унвони “Марҳабо ба Хатлони бостон”

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёхӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёхӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» 5 марти соли 2024 дар шаҳри Кулоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” иштирок намуданд.

Дар Форум раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои сохавӣ иштирок доштанд.

Нахуст, дар саҳни Донишгохи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ ба меҳмонону иштирокдорон имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияҳо, мамнуъгоҳҳои тиббӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоят буда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иктисодӣ ва ғайра ташкил карда шуд.  Сипас, дар маҷлисгоҳи Донишгоҳ қисмати дигари форум огоз гардида.

Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фархангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.