Вохурии роҳбарияти Маъмурият дар МОИ “Панҷ” бо сармоягузори Ширкати “AL – HARAM INSAF” Ҷумҳурии Исломии Покистон – Гул Анор Покистонӣ

          Дар санаи  4 марти соли 2024 роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо миёнаравии  Директори ҶДММ “Умеди Сабз” Амири Мухсин, ки субъекти МОИ “Панҷ” мебошад, бо сармоягузори Ширкати “AL – HARAM INSAF”  Ҷумҳурии Исломии Покистон – Гул Анор, ки дар Покистон ва Афгонистон якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ дорад, вохури ба анҷом расонида шуд.

       Дар рафти суҳбат бо  сармоягузори Ширкати “AL – HARAM INSAF” – Гул Анор оид  ҷойгиршавии  МОИ “Панҷ”, қонунгузорӣ, низомнома  ва  тарзи  фаъолият   дар МОИ  шиносои намуда ба  саволҳои  дода шуда  посух гирифт. Сармоягузори ширкати “AL – HARAM INSAF” – Гул Анор ҳавасманди зоҳир намуда изҳор намуданд, ки як корхонаи   коркард ва истеҳсоли  картонро дар  МОИ “Панҷ” ба истифода хоҳад дод  ва барои  фаъолият намудан  дар  ин минтақа   Ёддошти Тафоҳум  ба имзо расонида шуд.   Сармоягузори дар боло номбаршуда мехоҳад, ки дар МОИ “Панҷ” ширкати худро ба қайд гирад ва Маъмурияти МОИ “Панҷ” барои ҳуҷҷатгузориҳо дар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ кумак намояд.