Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкори афғонтабор – Ҳамид Попалзай, ки шаҳрванди Федератсия Руссия мебошад.

Дар санаи  20.02.2024 сол  дар воридгоҳи    асосии  МОИ “Панҷ” бо яке  аз соҳибкори афғонитабор, ки шаҳрвандии Россияро  дорад – Ҳамид Попалзай    вохури  баргузор гардид.  Дар рафти вохури  номбурда  маълумоти муфасал оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Дар рафти суҳбат соҳибкори афғонтабор ҳавасманди оиди ташкил намудани корхонаҳои  хурди  коркарди пашм  ва  пуст,  корхонаҳои хурди  коркарди  маҳсулоти кишоварзи  ва инчунин хизматрасонии логистики  мароқ зоҳир намуд. Соҳибкор  дар анҷоми  суҳбат изҳор кард, ки  бо омузиши  бозорҳои дохили  ва ҳамсоякишварҳо  оиди фаъолият  намудан  дар ҳудуди  МОИ маълумоти дақиқ  пешниҳод менамояд.