Вохурии Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо Роҳбарони як қатор Ширкатҳои соҳаҳои барқ, соҳибкорон ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар МОИ “Панҷ”

Дар санаи  22.02.2024 сол  Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” Роҳбарони  ширкатҳои  калони  соҳаҳои барқ, соҳибкорон  ва сармоягузорони Чиниро дар МОИ “Панҷ” қабқул намуданд, ки инҳо мебошанд:  

      Директори иҷроияи Pingmei Longi Photovoltaic Materials Co., Ltd,

Директори иҷроия ва менеҷери Tianyuan New Energy Co., Ltd,

Гу Пенг – мудири кулли ширкати Pingmei Longji Photovoltaic Materials Co., Ltd,

Чжоу Вэйдун – чонишини директори управлениям истехсолии Пингмей Ко,

Ли Ҷинцзян – муовини мудири кулли ширкати Pingmei Longji Photovoltaic Materials Co., Ltd,

Ҷяо Байченг – муовини мудири кулли ширкати Pingmei Longji Photovoltaic Materials Co., Ltd,

Ли Син – муовини мудири кулли ширкати Pingmei Longi New Energy Technology Co., Ltd,

Li Zhiheng – Департаменти амалиёти сармоя, China Pingmei Shenma Holdings Group Co., Ltd,

Ма Чжэнтунг – сардори Идораи генералии ширкати Pingmei Co., Ltd,

Биан Бин – чонишини саринженери шуъбаи тадкикоти геологии Пингмей Ко,

Цай Синюан – муовини менеҷери ширкати Pingmei Longji Photovoltaic Materials Co., Ltd ва ғайраҳо.

      Роҳбарони  ширкатҳо ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар рафти  ташриф аз минтақа дидан намуда аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ шинос шуданд. Ва дар рафти суҳбат оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

          Дар рафти суҳбат меҳмонон  оиди  таъсис додани  корхонахои  истехсоли барқ аз панелҳои офтоби ва содироти он ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, корхонаи коркарди ангиштсанг ва истеҳсол намудани аз ангишт газу кокс ва ғр, истеҳсоли риштаи техникии нейлон, воридоти таҷҳизотҳо барои истеҳсоли  шинаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар намуди истеҳсолоти сабзро пешниҳод намуданд. Ки аз ҷониби роҳбарияти МОИ пазируфта шуд.  Дар охири суҳбат меҳмонон  изҳор намуданд, ки дар наздики Бизнес – Нақшаҳои ҳудро омода намуда барои субъекти МОИ шудан пешниҳод менамоянд.