Вохурии роҳбарияти Маъмурият дар МОИ “Панҷ” бо роҳбари Комиссияи коршиносии машваратии Ассотсиатсияи байналмилалии Чин оид ба пешбурди илм ва технология ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар санаи  29.02.2024 сол  Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо роҳбари Комиссияи коршиносии машваратии Ассотсиатсияи байналмилалии Чин оид ба пешбурди илм ва технология – Сен Янг, соҳибкорон  ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вохури намуданд.  Дар рафти суҳбат ба роҳбари Комиссияи коршиносии машваратӣ – Сен Янг, соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти суҳбат роҳбари Комиссияи коршиносии машваратӣ – Сен Янг изҳор намуд, ки соҳибкорон ва сармоягузороне, ки бо ширкатҳои Чини корхонаҳои истеҳсолии муштарак барпо менамоянд, метавонад қарз аз бонкҳои ҷумҳурии Чин бо фоизҳои пастарин ва дарозмуддат кумак намояд.

 Соҳибкорон ва сармоягузорони Чини изҳор намуданд, ки баъди омухтани бозорҳои дохила ва бозорҳои кишварҳои ҳамсоя оиди кадом маҳсулотҳое, ки талаботи мардум бештар мебошад, ҳамон намуди истеҳсолотро ба роҳ хоҳанд монд. Ва инчунин, ба роҳ мондани сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулотҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ дар назар аст.

Дар охири суҳбат меҳмонон ваъда доданд, ки дар моҳҳои наздик хулосаҳои худро оиди барпо намудани корхонаҳои истеҳсолӣ Бизнес – нақшаҳои худро омода намуда барои субъект шудан пешниҳод  менамоянд.