Вохурии роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо намояндаи МОИ “Панҷ” дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон Хан Ҷон Алокозай ва сармоягузорону роҳбарони субъектҳои МОИ “Панҷ”

Дар  санаи 12.02.2024 сол аз ҷониби роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол, намояндаи МОИ “Панҷ” дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон – Хан Ҷон Алокозай ва сармоягузорону роҳбарони субъектҳои МОИ “Панҷ” Амири Муҳаммад  Муҳсин – роҳбари ҶДММ “Умеди Сабз”, Абдул Вакил Шаҳ Ҳакимӣ – сармоягузор ва Захир Закир Моҳаммад роҳбари ҶДММ “ТТ Пластик” ба  МОИ “Панч”  даъват карда шуданд.

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол бо шахсони даъваткардашуда оиди ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон аз ҶИ Афғонистон ба МОИ “Панҷ” суҳбатҳо гузаронида шуд.  Дар анҷоми суҳбат намояндаи МОИ “Панҷ” дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон – Хан Ҷон Алокозай пешниҳод намуд, ки дар оянда баъди пешниҳод намудани лоиҳаи сохтмони якчанд корхонаҳои саноати дар 200 га замин, метавонад соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷалб намояд. Аз тарафи роҳбарияти МОИ “Панҷ” дархост қабул карда шуд, ва дар ин самт алакай супоришҳои дахлдор ба Маъмурият дода шуд.