Талабот барои таҳия намудани бизнес-нақша аз ҷониби Довталабон барои гирифтани мақоми Субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ

Замима

Ба Фармоиши Вазири

рушди иқтисод ва савдои

 Ҷумҷурии Тоҷикистон

№  93   аз 06.08.2010 сол

 

Талабот барои таҳия намудани бизнес-нақша аз ҷониби Довталабон барои гирифтани мақоми Субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ.

1.Пешгуфтор

Талаботи мазкур дар асоси методологияи Ташкилоти рушди саноатии Созмони Миллали Муттаҷид (ЮНИДО) оид ба таҷия намудани бизнес-нақшаҳо қабул шудааст, таҳия гардидааст.

Методологияи мазкур дар самти танзими ташкили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалӣ қабул гардида, доир ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ташкили ҳамкории самаранок дар доираи васеи сармоягузорон ва соҳибкорони давлатҳои ҷаҳон барои истифода таҳия шудааст.

Тартиби таҳияи бизнес-нақша аз ҷониби коршиносони Ташкилоти рушди саноатии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИДО) пешниҳод гардидааст, ба мутахассисоне, ки ба таҳияи бизнес-нақша сару кор доранд имконият медиҳад, ки ҳолатҳои асосӣ ва ҷалбкунандаи фаъолияти ҳозира ва ба нақша гирифташудаи корхона аз диққат берун намонад ва натиҷаҳо ва хулосаҳоро дар намуде пешниҳод намоянд, ки барои сармоягузорон ва коршиносони хориҷӣ фаҳмо бошад.

Методолгияи мазкур ҳатмӣ ва тағйирнопазир набуда, дар асл вазифаи базаи ягона ва ба намуди забони универсиалие, мебошад, ки имконият медиҳад дар доираи васеи сармоягузорону коршиносони соҳаи таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳрезии молиявии давлатҳои гуногуни ҷаҳон бемамоният бо ҳамдигар мулоқот намоянд. Бисёрии-системаҳои машҳури банақшагирии компютерии ҷаҳонӣ ба ин методика такя менамояд.

Ба таҳиягарони лоиҳаи бизнес-нақша тавсия дода мешавад, ки дар фаъолияти худ аз «Дастурамал оид ба омода намудани асосноккунии иқтисодӣ техникии лоиҳаҳои саноатӣ» -и ЮНИДО (таҳрири дуюм, соли 1991) истифода баранд.

2.Мундариҷаи бизнес-нақша

Бизнес-нақша аз чунин кисмҳои таркибӣ бояд иборат бошад:

  1. Хулосаи кӯтоҳи лоиҳа;
  2. Таърихи пайдоиш ва моҳияти асосии лоиҳа;
  3. Таҳрезии бозор ва стратегияи маркетинг;
  4. Ашёи хом ва маводҳо;
  5. Мавзеи ҷойгиршавӣ, қитъаи сохтмонӣ ва арзёбии экологӣ;
  6. Лоиҳакашии муҳандисӣ ва технологӣ;
  7. Ташкили истеҳсолот ва хароҷотҳои он;
  8. Захираҳои меҳнатӣ;
  9. Банақшагирӣ ва арзиши корҳо аз руи лоиҳа;
  10. Арзёбии молиявӣ;
  11. Тадкиқоти иқтисодии хароҷотҳо ва фоида;
  12. Хулосаи татқиқот
  1. Талаботҳои асосӣ оид ба таҳияи қисмҳои бизнес-нақша

Талаботҳои асосӣ оид ба таҳияи қисмҳои бизнес-нақша қисм ба қисм чунин мебошад:

  • Дар ин қисми «Хулосаи кӯтоҳи лоиҳа» бояд, ки кӯтоҳ хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо нисбати ҷанбаҳои асосии лоиҳаи таҳияшуда ва татқиқот инъикос ёбанд. Сохтори пешниҳоди матни қисми мазкур аз сохтори худи асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳа сарчашма мегирад.
  • Дар қисми «Таърихи пайдоиш ва моҳияти асосии лоиҳа» бояд таърихи пайдоиш ва моҳияти таҳияи лоиҳа, ному насаб ва суроғаҳои созмондиҳандагони лоиҳа, стратегияи лоиҳа, таъирихи лоиҳа, тадбирҳои  сиёсати иқтисодию саноатии барои тадбиқи лоиҳа мусоидаткунанда дарҷ гардад.
  • Дар қисми «Таҳлили бозор ва стратегияи маркетинг» ҷамъбасти натиҷаҳои таҳлили бозор, талабот, пешгӯии ҳаҷми фурӯш ва мақсаднокии бозор стратегияи маркетингро шарҳу эзоҳ медиҳад.
  • Дар қисми «Ашёҳҳо ва маводҳо» маълумотҳои асосӣ доир ба мавҷудияти: ашё (ашёи коркард нашуда ва нимкоркардашуда), маводҳои саноатии коркардшуда ва қисмҳои маҳсулот, маводҳои кӯмакрасон, захираҳои саноатии кӯмакрасон, хизматрасонии рифои, қисмҳои эҳтиётӣ инъикос мешаванд. Дар қисми мазкур маълумот дар бораи талаботи солонаи корхона ба захираҳо ва арзиши ин хароҷотҳо дарҷ мегарданд.
  • Дар қисми «Мавзеи ҷойгиршавӣ, қитъаи сохтмонӣ ва арзёбии экологӣ» маълумоти умумӣ оиди хусусияти мавзеъи сохтмон ва арзъёбии экологии лоиҳа арзёбӣ ва пешниҳод мегардад.
  • Дар қисми «Лоиҳакашии муҳандисӣ ва технологӣ» маълумот дар барнома ва иқтидорҳои истеҳсолӣ ва инчунин технологияи қабулгардида шарҳ дода мешавад. Намудҳои активҳои асосии истеҳсолӣ (таҷҳизот ва ғайра), мавҷудияти он ва арзишаш нишон дода мешавад. Дар ин кисм нақшаи ҷойгиршавии объектҳо ва иншоотҳои муҳандисии зарурӣ дарҷ мегарданд.
  • Қисми «Ташкили истеҳсолот ва хароҷотҳои он» барои инъикоси маълумот оиди элементҳои асосии сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ бахшида шудаст.
  • Дар қисми «Захираи меҳнатӣ» маълумот дар бораи ҳайат ва шумораи қоргарон, ҳайати лозима ва миқдори кормандони идоравӣ оварда мешавад. Инчунин маълумот оиди арзиш ва маблағҳои лозима барои ҷалби захираҳои меҳнатӣ, талабот барои баланд бардоштани савияи касбии кадрҳо ва дигарҳо таҳия ва пешниҳод мегарданд.
  • Дар қисми «Банақшагирӣ ва арзиши корҳо аз рӯи лоиҳа» маълумот оиди мӯҳлати ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васли таҷҳизот, мӯҳлатҳои таҳти истифода қарор додан, ба даст овардани иқтидори лоиҳавӣ оварда мешавад. Инчунин дар қисми мазкур номгӯи чорабиниҳои зарурӣ барои татбиқи саривақтии лоиҳа зарурӣқайд мегардад.
  • Қисми «Арзёбии молиявӣ» ба арзёбии пурраи лоиҳа бахшида шуда бояд аз чунин маълумотҳо иборат мебошад.

а). Дар зерқисми «Хароҷотҳои умумии сармоягузорӣ» маълумот оиди
нишондиҳандаҳои хароҷотҳои сармоягузорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ (доллари ШМА ё еврои Иттиҳоди Аврупо) бо тақсими хароҷотҳо ба моддаҳои зерин:

–   замин ва омода намудани қитъаи сохтмон;

  • объектҳои истеҳсолӣ ва иншоотҳои муҳандисӣ;
  • таҷҳизоти истеҳсолӣ;
  • таҷҳизоти кумакрасон ва эксплуатасионӣ;
  • активҳои асосии корпоративӣ;
  • хароҷотҳои капиталӣ барои омода намудани истеҳсолот;
  • эҳтиёҷот барои маблағҳои гардишӣ;
  • хароҷотҳои умумии сармоягузорӣ оварда мешавад.

б) Дар зерқисми «Маблағгузории лоиҳа (пешбинишуда)» манбаҳои маблағгузорӣ, характери хароҷотҳо вобаста ба маблағгузорӣ ва баргардонидани қарздорӣ ва инчунин коэффисиентҳои молиявии сохторӣ инъикос гарданд.

в) Дар зерқисми «Арзиши аслии пурраи маҳсулоти ба фӯрушраванда» маълумот оиди нишондиҳандаҳои солона бо алоҳидагӣ бо моддаҳои зерин:

  • арзиши аслии истеҳсолӣ:
  • хароҷотҳои иловагии маъмуригардонӣ;
  • хароҷотҳои дигари истеҳсолӣ ва хароҷот барои маркетинг:
  • маблағҳои амортизатсионӣ:
  • хароҷотҳо барои маблағгузорӣ;
  • арзиши аслии пурраи маҳсулот оварда мешавад.

г) Дар зерқисми «Таҳрезии молиявӣ» маълумот аз ҳисоботҳои молиявӣ (дурнамои ҳаракати маблағҳо, ҳисобот оиди фоида ва зарар, ва инчунин баланси умумӣ), арзиши тозаи дисконтӣ, ставкаи дохилии даромаднокӣ, мӯҳлати баргардонидани сармоягузорӣ, ставкаи одии даромаднокӣ инъикос мегардад. Инчунин дар ин зерқисм таҳрезии сатҳи фаъолияти безарар ва таҳрезии ҳисиётӣ конъктура оварда мешавад.

Дар қисми «Тадқиқоти иқтисодии хароҷотҳо ва фоида» арзёбии лоиҳа аз лиҳози манфиатҳои иқтисодии миллӣ оварда мешавад. Бояд дар мадди аввал ваҷҳои асосии ба манфиати татбиқи лоиҳа оварда шаванд, ки асос барои қабули қарор нисбати лоиҳа гардад. Инчунин бояд маълумот дар бораи моҳияти лоиҳа ва камбудиҳои он оварда шавад.

Дар «Хулосаи тадқиқот» умуман маълумоти кутоҳ дар натиҷаи арзёбии самти лоиҳа, моҳияти он барои манфиати иқтисодии мамлакат, имкониятҳои татбиқи лоиҳа ва фоидаоварии он ба тарафҳо инъикос гардад.

  1. Талабот оиди таҳиягарони лоиҳаи бизнес нақша

Таҳияи лоиҳаи бизнес нақша бояд бо қарори Довталабон аз ҷониби мутахассисони худи Довталаб ва ё бо ҷалби ширкатҳои консалтингӣ ё коршиносон суръат гирад. Лоиҳаи пешниҳодшуда бо имзо ва мӯҳри Довталаб тасдиқ гардида дар он маълумоти мухтасар оиди таҳиягари лоиҳаи бизнес нақша оварда шуда бо имзои он пешниҳод гардад.