Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо роҳбари ширкати тиҷоратию истеҳсолии Покистони “SARDAR KHAN” – Сардор Насим Хан, дар Маъмурияти МОИ.

       Дар  санаи 27.12.2023 сол, ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” роҳбари  ширкати тиҷоратию  истеҳсолии “SARDAR  KHAN” – Сардор  Насим Хан, ки дар дар Ҷумҳури Исломии Покистон  ба истеҳсоли   аккумулятор   ва тиҷорати  ангиштсанг  машғул мебошад, ташриф оварданд.  Роҳбари ширкат Сардор  Насим Хан аз минтақа дидан намуда бо кору фаъолияти субъетҳои МОИ шинос шуданд. Дар рафти суҳбат оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

         Дар рафти вохури Сардор  Насим Хан  ҳавасманди изҳор намуда таклиф намуданд, ки дар МОИ “Панҷ” корхонаи  истеҳсоли аккумулятор ва таъсиси  анборҳои  нигоҳдории  махсулотхоро ба роҳ хоҳад монд. Сардор  Насим Хан изҳор карданд, ки   бо таҳлили  талаботи бозорҳои   дохилӣ  ва хориҷии наздик,  барои  ташкил кардани  ин корхонҳо  тасмими  худро мегиранд.  Айни замон  гуфтушунидҳо  тариқи  алоқаи мобили  идома дорад.