Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо роҳбари гуруҳ – Ванг Чунг ва намояндагони ширкатҳо ва тиҷрони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Маъмурияти МОИ.

        Дар санаи  13.12.2023 сол ба Маъмурияти  МОИ “Панч роҳбари гуруҳ – Ванг Чунг ва намояндагони  ширкатҳо ва тиҷрони Ҷумҳурии Мардумии Чин,  ташриф оварданд. Роҳбари гуруҳ – Ванг Чунг ва намояндагони  ширкатҳо ва тиҷрони Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар рафти  ташриф аз минтақа дидан намуда аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ шинос шуданд. Ва дар рафти суҳбат оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

          Дар рафти суҳбат меҳмонон  оиди  таъсис додани  корхонахои  истехсоли лампахои кам масраф, истехсоли аккумуляторхои   автомобили  ва  дигар   техникаи маиши  дар  МОИ  таклиф  пешниход  намудан, ки  аз тарафи роҳбарияти МОИ  пазируфта шуд.  Дар охир  изхор карданд, ки   бо тахлили    тахлили  талаботи бозорхои   дохили  ва хоричии наздик,  барои  ташкил кардани  ин корхонахо  тасмими  худро мегиранд.