Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо намояндаи гурухи сармогузорон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон – Али Акбар Аббосиён дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

          Дар санаи  08.12.2023 сол дар  худуди  МОИ “Панч”  вохури  намояндаи гурухи  сармогузорон  ва  тиҷорони Ҷумҳурии Исломии  Эрон –  Али Акбар Аббосиён,  доир  гардид.  Намояндаи гуруҳи  сармогузорон  ва  тиҷорони Ҷумҳурии Исломии  Эрон –  Али Акбар Аббосиён, дар рафти  ташриф аз минтақа дидан намуда аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ шинос шуданд. Ва дар рафти суҳбат оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

           Дар рафти суҳбат намояндаи гуруҳи  сармогузорон  ва  тиҷорони Ҷумҳурии Исломии  Эрон –  Али Акбар Аббосиён таклиф намуд, ки  кушиш менамояд, ки бо Маъмурияти  МОИ “Панҷ”   корро хубтару нағзтар ба роҳ монад. Ва инчунин изҳор намуд, ки барои ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба МОИ “Панҷ” дар соли оянда аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳад бурд.