Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Ғулом Муҳамад Алам.

          Дар санаи  19.11.2023 сол  дар   утоқи кории шаҳри Душанбе   бо яке аз соҳибкорони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  – Ғулом Муҳамад Алам    вохури доир гардид.  Дар  рафти суҳбат, Соҳибкорро оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

            Баъди суҳбатҳо соҳибкори Афғонтабор – Ғулом Муҳамад Алам таклиф намуд, ки  дар МОИ “Панҷ”   ширкати   тиҷоратиро  барпо намояд. Ва дар соли оянда аниқтараш дар охири моҳи  феврал ва аввали моҳи март ба МОИ “Панҷ” ташриф оварда,   барои    бақайдгирии  ширкат  ва   шарномаи  ҳамкори   бастан  бо  Маъмурияти МОИ  “Панҷ”  тасмим  мегирад.