Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҳусайни ва соҳибкорони ватанӣ дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

Дар  санаи 16.11.2023 сол соҳибкор аз Ҷумҳуруии Исломии Эрон  – Ҳусайни  ва соҳибкори ватанӣ, ки айни ҳол дар Федератсияи Россия  фаъолият  дорад,  ба  МОИ “Панч”  ташриф оварданд.   Соҳибкорон  дар рафти  вохури  аз  минтака дидан намуда оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар рафти вохури   меҳмонон  оиди  таъсис додани  корхонаҳои  истеҳсолӣ маҳсулоти сохтмони  ва  таъсиси  маркази  логистикӣ  дар  МОИ  таклиф  пешниҳод  намудан, ки  аз тарафи  роҳбарияти Маъмурияти МОИ  пазируфта шуд.  Дар охир  изҳор намуданд, ки   бо таҳлили  ҷойгиршавии  маъданҳои  гуногуне, ки  бароии истеҳсоли маводҳои сохтмони ҳамчун  ашёи  хом  ба ҳисоб мераванд,  ва  таҳлили  талаботи бозорҳои  дохили  ва хориҷӣ наздик,  барои  ташкил кардани  ин корхонҳо  тасмими  худро мегиранд.