Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2023”

Дар санаҳои 26 – 29 октябри 2023 сол, роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар Намоишгоҳи  байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2023”,

ки дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо баргузор гардид, иштирок варзиданд. Дар ин намоишгоҳ 50 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, ки аз кишварҳои Русия, Белорус, Покистон, Чин, Эрон, Узбакистон, Туркия ва ширкатҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда молҳои истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузошта буданд.

 Мақсади иштироки роҳбарияти МОИ “Панҷ” дар ин намоишгоҳ ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷи ва ватанӣ мебошад.

Дар санаи 28.10.2023 сол, дар МД “Китобхонаи Миллии Тоҷикистон” бо соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони корхонаҳои иштирокнамуда нишасти В2В баргузор гардид. Дар ин вохурӣ роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо якчанд  роҳбарони корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ вохуриҳо намуда онҳоро барои ҳамкорӣ даъват намуданд.