Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар барномаи ҷаласаи шашуми зеркумитаи пешниҳодии минтақаҳои Тоҷикистону – ҶМСУ (Ноҳияи Мухтори Синзиан – Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой) назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ

Дар санаи 02.11.2023 сол, дар МД “Китобхонаи Миллии Тоҷикистон”  роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар  барномаи ҷаласаи шашуми зеркумитаи пешниҳодии минтақаҳои Тоҷикистону – НМСУ (Ноҳияи Мухтори Синзиан- Уйғури ҶХХ)  назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ иштирок намуданд, ки аз ҷониби Чин намояндагони  25  корхонаҳо, аз ҷумла: 8 – ширкатҳои тиҷоратӣ, 6 – корхонаҳои энергетикӣ ва маъдан, 3 – ширкатҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ, 2 – шикартҳои сохтмонӣ, 1 – ширкати логистикӣ ва 5 – донишгоҳҳо ва донишкадаҳо  иштирок намуданд.

Мақсади иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар ин ҷаласа ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони НМСУ-и Чин барои фаъолият дар МОИ “Панҷ”  буд. Дар ин ҷаласа роҳбарияти Маъмурият бо якчанд сармоягузорони Чинӣ вохурӣ намуда аз кору фаъолияти МОИ “Панҷ” ахбороти муфассал дода шуд.

Баъдтар дар ин ҷаласа вохуриҳои В2В гузаронида шуд. Бо роҳбаладии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, барои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин ва манфиатҳои ҳарду Тараф бо назардошти робитаи соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва Минтақаи рушди иқтисодии “Қашғар” Ёддошти Тафоҳум ба имзо расонида шуд.