Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар намоишгоҳи мошинсозии махсуси Россия ва Тоҷикистон “Спетсмаш- Точикистон-2023”

Дар санаи 19.10.2023 сол роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва роҳбарони субъектҳои МОИ дар намоишгоҳи  мошинсозии  махсуси Россия ва Тоҷикистон “Спетсмаш- Точикистон-2023”, ки аз ҷониби Россия намояндагони  10  корхонахои  мошинсозии махсуси   кишоварзӣ ва коммуналӣ  ва  коркарди махсулоти кишоварзӣ дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе  ба намоиш гузошта буданд, иштирок варзиданд.

Мақсади иштирок дар ин намоишгоҳ ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони Федератсияи Россия ба МОИ “Панҷ”  мебошад. Дар ин намоишгоҳ молҳои истеҳсолии ООО “КЗ Ростсельмаш”, АО “Кургандормаш”,  АО “Мельинвест”, ООО “Челябинсткий Машиностроительный завод”, АО “Варгашинский завод ППСО”, ООО “Трактор”, ООО “Молочные технологии”, ООО “Стимул Групп” ва дигарон ба намоиш гузошта шуда буд.

Баъдтар дар ин намоишгоҳ, дар маҷлисгоҳи “Кохи Борбад” бо соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони корхонаҳои иштирокнамуда нишасти В2В баргузор гардид. Дар ин вохурӣ бо роҳбаладии роҳбарияти МОИ “Панҷ” аз тарафи роҳбарони субъектҳои МОИ бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ тракторҳо якчанд Ёддошти тафоҳум барои ташкил намудани корхонаҳои муштарак ба имзо расонида шуд.