Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо як гуруҳ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

Дар санаи 05 октябри 2023 сол, як гурҳҳ соҳибкорон ва сармоягузорони  Ҷумҳурии Мардумии Чин аз   МОИ “Панҷ” дидан намуданд.

Соҳибкорон ва сармоягузорони чинӣ бо роҳбарии Ван Ха Ин, Ли Бо Ли, Чен Ю Пин,  Гав Ю Мин  ва дигарон  аз рафти корҳои сохтмонӣ ва истеҳсолии субъектҳои МОИ шинос шуда, бо роҳбарону намояндагони субъектҳои МОИ ҳамсуҳбат шуданд. Баъд аз шиносоӣ бо субъектҳои МОИ, роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” соҳибкорон ва сармоягузоронро ба толори маҷлисгоҳи Маъмурият даъват намуданд.

Дар натиҷаи вохурӣ ба соҳибкорону сармоягузорон аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфассал  ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифанд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат аз тарафи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори ҳавасмандӣ намуданд, ки дар оянда дар назар доранд корхонаҳои истеҳсолии маҳсулотҳои сохтмонӣ, панелҳои офтобӣ, автмобилҳои барқӣ, кафел, трансфарматор, истеҳсоли аккумуляторҳо, равған, макарон, орд, коркарди мева, консерваҳо,  шакар, ташкил намудани сардхонаҳо ва гармхонаҳо, анборҳои барои нигаҳдории молу маҳсулотҳо ва инчунин ташкил намудани якчанд корхонаҳои муштараки истеҳсолиро ба роҳ монанд.

Сармоягузорон ва сармоягузорон иброз намуданд, ки маҳсулотҳои истеҳсолии онҳо ба бозори ҶИ Афғонистон нигаронида мешавад.

Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” иброз намуданд, ки бо намояндагони ширкатҳои мазкур ҳамкорӣ менамоянд ва ҳаматарафа ёрии амалии худро мерасонанд.