Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”- и шаҳри Душанбе дар “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Олмон”

Дар  санаи  05.09.2023  сол  дар   мехмонхонаи  “Ҳайят  Реҷенси”-и шаҳри Душанбе  «Форуми сармоягузории Тоҷикистону Олмон»  баргузор  гардид, ки  дар ин чорабинӣ  аз тарафи Олмон  намояндагони  27 ширкатҳои истеҳсолӣ  ва  ширкатҳои  дастгирии  соҳибкорӣ ва аудиторӣ иштирок намуданд

Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар форуми мазкур иштирок варзида бо намояндагони якчанд ширкатҳои истеҳсолӣ   вохуриҳо  ба анҷом расонидаанд. Дар  чорабинии мазкур  ба соҳибкорон буклетҳои МОИ «Панҷ» тақдим карда ва  маълумотҳо  низ оиди минтақа пешниҳод карда шуданд.

Дар  чорабинии мазкур вохуриҳои В2В баргузор карда шуд, ки дар он муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомӯшов Икром бо намояндаи ширкати истеҳсоли  техникаҳои  кӯҳкории  «PAUS»  Хафнер  Чекоб  ҳамсуҳбат шуд. Дар натиҷаҳои гуфтушунид аз ҷаноби Хафнер  Чекоб  барои  ҳамкорӣ  дар  МОИ  «Панҷ»  ҳавасманди зоҳир карда шуд.  Хафнер  Чекоб таклиф намуд, ки  барои  ба  фурӯш  баровардани  техникаҳои  истеҳсолкардаи  ширкати  худ тавассути  МОИ «Панҷ»  таваҷҷӯҳ доранд.  Аз  тарафи  намояндаи Маъмурияти МОИ пешниҳод  пазируфта  шуд. Хафнер  Чекоб  изҳор намуданд, ки  баъди таҳлили иктисодӣ  оид ба ҳамкорӣ  дар МОИ «Панҷ»  маълумот  пешниҳод  менамояд.