Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо як гурӯҳ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбаладии консули фахрӣ Саид Маҳмуд дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

Дар санаи  30.09.2023  дар  воридгохи  асосии  МОИ  «Панҷ» бо як  гурӯҳ  намояндагони  Ҷумҳурии  Исломии Покистон  тахти  роҳбаладии   консули фахрӣ Саид Махмуд  вохурӣ  доир  гардид.  Намояндагони  Покистонӣ  аз  минтака дидан намуда,   аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа аз роҳбарияти Маъмурият маълумоти муфассал  гирифтанд ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас дарёфт намуданд.

Дар рафти вохурӣ   меҳмонон  оидба  таъсис додани  корхонаи  истеҳсоли шакар  дар  МОИ  “Панҷ” таклифҳо  пешниҳод  намуданд, ки  аз тарафи роҳбарияти Маъмурият пазируфта шуд.  Дар охири суҳбат меҳмонон  изҳор намуданд, ки мо алаккай иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намудаем, фақат барои дарёфт намудани заминхои  бекорхобида ба мо кумак намоед, ки парвариши найшакарро ба роҳ монем.

Меҳмонон тасмим гирифтанд, ки баъди ба мувофиқа расидан барои парвариши найшакар дар заминҳои бекорхобида онҳо метавонанд, ки истеҳсоли корхонаро ба роҳ монанд.