Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар “Кохи Истиқлол”- и шаҳри Душанбе дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе 2023”

Дар  санаи дар 29.09.2023 сол, роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» Мумин И.К. дар  Кохи “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе – 2023” иштирок намуданд.  Дар ин форуми сармоягузорӣ аз 21 мамлакатҳои дуру наздик 321 сармоягузорони ватанию хориҷӣ даъват шуда иштирок варзиданд.

Форуми мазкур бо сухани ифтитоҳи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, меҳмонон ва сармоягузоронро хуш омадед намуданд.  Инчунин, дар   форум   Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини сарвазири Федератсияи Руссия Ҳуснуллин Марат Шакирзиянович, Сарвазири Ҷумҳурии Озорбойҷон Алӣ Асадов, муовини дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбакистон Аламҷонов Комил ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Туркманистон иҳтирок ва суханронӣ  намуданд.