Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар ҳошияи “Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе 2023” ва вохуриҳои В2В бо сармоягузорони даъватшуда.

Дар санаи 29.09.2023 сол баъд аз баргузории “Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023” дар Китобхонаи Миллии Точикистон мувофики   барномаи  Форуми мазкур вохуриҳо бо сармоягузорон ва инчунин, вохуриҳои дуҷонибаи В2В  баргузор гардид.  Дар ин вохурихои  дучониба намояндагони Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо як қатор сармоягузорони Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Ӯзбекистон, Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Озорбойҷон ва аз Федератсияи Россия вохуриҳо ба анҷом расониданд.

Дар вохуриҳои баргузоргардида, роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” сармоягузоронро  ба МОИ “Панҷ” даъват намуданд, ки аз минтақа дидан намоянд.