Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкорони ҶМ Чин, ҶИ Эрон ва ҶДММ “Милал Интер Ҷоинт” субъекти МОИ “Панҷ” дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”

     Дар санаи 26 августи 2023 сол дар Маъмурияти МОИ “Панҷ” сохибкорони  ҶМ Чин, ҶИ Эрон ва ҶДММ  “Милал интер Ҷойнт”  субъекти минтақа барои таъсиси  корхонаҳои муштарак дар минтақа вохури ба анҷом расонида шуд.

        Дар натиҷаи вохури ба меҳмонон аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифанд.

        Ҳамзамон, намояндагони сармоягузорони ҶМ Чин, ҶИ Эрон ва ҶДММ “Милал Интер Ҷоинт” изҳори ҳавасманди намуданд, ки дар оянда дар назар доранд корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд ва хуроки парандаю моҳиро ба роҳ монад, ки ҳаҷми сармоягузори тақрибан 15 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад ва 300 нафар ҷои кори нав таъсис дода мешавад.

      Сармоягузорон иброз намуданд, ки алакай бозори маҳсулоташонро омухтаанд, ин ҶИ Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар натиҷа ба хулоса омадааст, ки дар МОИ “Панҷ” якчанд корҳонаҳои истеҳсолиро ба роҳ монанд, ва то моҳи октябри соли равон бизнес нақшаҳои худро омода намуда ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” барои субъект шудан пешниҳод менамоянд.

       Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” иброз намуданд, ки бо намояндагони ширкатҳои мазкур ҳамкори менамоянд ва ҳаматарафа ёрии амалии худро мерасонанд.