Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар толори “Манеж”- и шаҳри Душанбе дар намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ – “Душанбе ЭКСПО 2023”

          Дар  санаи дар 15.09.2023 сол, роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» ва роҳбарони як қатор субъектҳои МОИ «Панҷ»  дар  намоишгоҳи   молу махсулоти  давлатҳои  Осиёи Марказӣ «Душанбе ЭКСПО 2023», ки  дар  толори «Манеж»-и шаҳри Душанбе баргузор  гардид иштирок намуданд.  Дар ин намоишгоҳ  панҷ мамлакатҳои Осиёи Миёна молу маҳсулотҳои гуногуни худро ба намоиш бароварда буданд.

       Роҳбарияти МОИ «Панҷ» аз вазъияти мусоид истифода бурда, бо якчанд сармоягузороне, ки молу маҳсулотҳои худро ба намоиш оварда буданд, мулоқотҳо ба анҷом расонид. Инчунин бо намояндагонии  Вазорати   саноати  Ҷумҳурии Қазоқистон, хонума  Жана ва намояндаи  Вазорати  кишоварзии  Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Малика дар якҷоягӣ  гуфтушунидҳо  доир карда шуд.

       Аз  тарафи роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ»  пешниҳод карда  шуд, ки дар Маъмурияти МОИ «Панҷ» маркази  савдои  фурӯши  маҳсулотҳои Ҷумҳурии Қазоқистонро ташкил намоянд, зеро, ки дар оянда барои ба фурӯш баровардани маҳсулотҳо ба  давлатҳои  ҳамсоя  шароити минтақа қулай буда, имконияти мол баровардан ба давлатҳои Афғонистон ва Покистон мавқуд аст.

       Аз тарафи  намояндаҳои Вазоратҳои дар боло зикршуда ин таклиф ҷонибдорӣ карда шуда, изҳор карда шуд, ки баъди бозгашт ба Ҷумҳурии Қазоқистон   оиди ба ин масъала дар сатҳи Вазоратҳо чорабинӣ доир намуда, бо ташкил  намудани  видиоконференсия  оид ба  ташкил намудани маркази  савдои  фурӯши  маҳсулотҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар Маъмурияти МОИ «Панҷ» хулосаи  худро  пешниҳод менамоянд.

        Роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ»  бо намояндагони Вазорати   саноат ва Вазорати  кишоварзии  Ҷумҳурии Қазоқистон дар алоқа мебошанд ва барои кӯмак расонидан дар масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ташкил намудани вохуриҳо бо Вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, барои ташкил намудани маркази фурӯши молу маҳсулотҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар МОИ «Панҷ» чораандешӣ намуда истодаанд.