Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар “Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон” дар мехмонхонаи “Хилтон”- и шаҳри Душанбе

Дар  санаи  12.09. 2023  дар  меҳмонхонаи «Хилтон»-и  шаҳри Душанбе   «Форуми соҳибкории  Точикистону  Қазоқистон баргузор гардид, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» ва роҳбарони субъектҳои МОИ низ иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур намояндагони 21 ширкатҳои истеҳсолии  Ҷумҳурии Қазоқистон   иштироки фаъол доштанд.  Бисёри ин ширкатхо ба  истехсол, коркард  ва фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ  машғул  буда,  барои   дарёфти  шарикони  тиҷоратӣ  дар Ҷумҳурии Точикистон  омадагии худро изҳор намуданд.  Роҳбарияти МОИ «Панҷ» бо роҳбарони субъектҳо ва  бо намояндагону роҳбарони ширкатҳои иштирокдошта  шиносоӣ пайдо намуда,  буклет-шиносномаҳои  МОИ «Панҷ» -ро ба онҳо тақдим намуданд.

Дар натиҷаи ин вохурияҳо бо роҳбари ширкати ТОО «Гермес-4», ки ба истеҳсоли хӯроки чорво ва парранда  машғул мебошад, Ёдошти  тафоҳум  оиди дар  оянда ба  роҳ  мондани  ҳамкорӣ  бо Маъмурияти МОИ «Панч» ба имзо расонида шуд.

Бо намояндагони  ширкатҳои  ТОО  «BIO EXPORT» , ТОО  «SDK GROUP», ТОО «GSCO» , ТОО «KZ EXPORT» , ТОО  «Б-Агросевер»   ва дигар  ширкатҳо   оид ба ҳамкорӣ  дар  МОИ  «Панҷ»    гуфтушунидҳо   ба анҷом расонида шуд.

Яке аз ин намояндагон барои  ташкил намудани гурӯҳ  дар шабакаи интернетии Вотсапп   пешниҳод  намуд, ки  аз тарафи роҳбарияти МОИ «Панҷ» ва дигар намояндагону роҳбарони ширкатҳои иштирокдошта ҳамачониба  дастгирӣ  ёфт ва ин гуруҳ бо номи  “Друзя  из Казахстана”  ташкил  карда  шуд.   Дар  ин гурӯҳ 33  нафар намояндагони  ширкатҳо як нафар  намояндаи  Вазорати саноати  Ҷумҳурии Қазоқистон шомил шудаанд.

Дар натиҷа намояндагон ва роҳбарони ширкатҳои дар боло зикршуда ба хулосае омаданд, ки дар минтақа корхонаи тиҷоратиро таъсис хоҳанд дод ва молу маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро тавассути МОИ «Панҷ» ба Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон ва дигар самтҳо интиқол хоҳанд дод.

Айни замон дар гурӯҳи ташкилшуда гуфтушунидҳо рафта истодааст ва сармоягузорони Ҷумҳурии Қазоқистон дар рӯзҳои наздик ба минтақа сафар ба анҷом расониданианд.