Бастани Ёддошти ҳусни тафоҳум дар рафти вохурии намояндаи Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар шаҳри Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбари Ширкати “Янглинг ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ”

         Дар натиҷаи якчанд вохуриҳо дар Шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби намояндаи Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо намояндагони Ширкати “Янглинг ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ” ба мувофиқа расида шуд, ки барои бозомузи кормандон ва ҷалб намудани сармоягузорон ба ҷониби Тарафҳо Ёддошти Тафоҳум баста шавад.

        Дар натиҷа дар санаи 21.08.2023 сол байни Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва  Ширкати “Янглинг ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ” Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

     Дар натиҷаи бастани Ёддошти ҳусни тафоҳум тарафҳо ба уҳда гирифтанд, ки барои мубодилаи иқтисодю  тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва техникии хоҷагии қишлоқ ва саноат, омӯзиш ва мубодилаи коргарон,  мубодилаи фарҳангию туристӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба роҳ хоҳанд монд.