Бастани Ёддошти ҳусни тафоҳум дар рафти вохурии намояндаи Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар шаҳри Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбари Ширкати сиании илмии инноватсионии “Жуйсин”

         Дар натиҷаи якчанд вохуриҳо дар Шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби намояндаи МОИ “Панҷ” бо намояндагони Ширкати сиании илмии инноватсионии “Жуйсин” ба мувофиқа расида шуд, ки барои бозомузи кормандон ва ҷалб намудани сармоягузорон ба ҷониби Тарафҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум баста шавад.

        Дар натиҷа дар санаи 18.08.2023 сол байни Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва роҳбари Ширкати сиании илмии инноватсионии “Жуйсин” Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

     Маъмурияти МОИ “Панҷ” ният дорад, ки бо дастгирии Ширкати сиании илмии инноватсионии “Жуйсин” барои ҷалби сармоягузоронро ба МОИ “Панҷ” истифода барад, ва инчунин бозомузонидани кормандони МОИ “Панҷ” дар Ширкати сиании илмии инноватсионии “Жуйсин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба роҳ монад.