Ташрифи намояндаи ширкати “Корпоратсияи индустриалӣ фарҳангӣ ва сармоягузории “Чжун Цзунь””-и Ҷумҳурии Халқии Хитой тахти роҳбари гуруҳ Ванг Хайин ва дигар намояндагони ширкат ба Маъмурияти МОИ “Панҷ”.

         Дар  санаи 24.07.2023 сол намояндагони  ширкати “Корпоратсияи индустриалӣ фарҳангӣ ва сармоягузории “Чжун  Цзунь””-и Ҷумҳурии Халқии Хитой  тахти роҳбари гуруҳ Ванг Хайин ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд. Меҳмононро муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомушов И., аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гирифанд.

        Роҳбари гуруҳи мазкур Ванг Хайин  оиди сохта  ба истифода  додани корхонаи истеҳсоли кафелҳои керамикӣ  изҳори ҳавасманди намуд. Айни замон намояндаи МОИ “Панҷ” бо мутахассисони  ширкат барои пайдо намудани ашёи хом барои истифодабари дар кафелҳои керамикӣ барои гузаронидан аз лабаратория ҳамкори намуда истодаанд.  Бо дарёфт намудани ашёи хоми маҳалли хулосаи  ниҳоии  худро оиди сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли  кафелҳои керамики пешниҳод  менамоянд.

       Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” иброз намуданд, ки барои дарёфти маҳсулотҳои зарури бо намояндагони ширкати мазкур ҳамкори менамоянд ва ҳаматарафа ёрии амалии худро мерасонанд.