Суҳбати Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомушов Икром тавасути алоқаи мобили ва видеои (ватсап) бо Додарбек ва Мирзо соҳибкорони тоҷиктабороне, ки дар Ҷумҳурии Олмон зиндаги мекунанд.

Дар санаи 24.07.2023 сол  тавасути  алоқаи мобили ва видеои (ватсап) бо  Додарбек ва Мирзо соҳибкорони тоҷиктабороне, ки дар Олмон кору фаъолият доранд, суҳбати телефони баргузо карда шуд. Дар рафти  суҳбат  муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомушов Икром  оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифанд.

Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти Маъмурият оиди рушду равнақ додани тиҷорат дар МОИ “Панҷ” суханрони карда шуд, ва ба самъи соҳибкорони мазкур расонида шуд, ки Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар назди сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир буда барои ҳамлу нақли молҳои тиҷоратӣ, тариқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ба бозори ин кишвар ва ба бозорҳои Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Ҳиндустон ва Эрон интиқол додани молу маҳсулот  хело муфид мебошад.

Дар охири   суҳбат  соҳибкорони болозикр изҳор намуданд, ки рӯзҳои наздик  ба Ҷумҳурии Точикистон  сафар доранд ва аз МОИ “Панҷ” дидан менамоянд,  ва баъд аз дидан аз минтақа ба хулосае хоҳад омад.