Cупоридани “Тасдиқнома”-и субъекти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба довталаб ҶДММ “УМЕДИ САБЗ”

        Дар санаи 19.07.2023 сол  роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умеди Сабз” – Амири Моҳаммад Моҳсин ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” даъват намуда вохури ба анҷом расонид.

       Дар рафти вохури роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умеди Сабз” – Амири Моҳаммад Моҳсин, ки аз тарафи комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон – субъектони  минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ва қобили қабул гардидани лоиҳаҳои сармоягузориҳо оиди ба роҳ мондани корхонаҳои  «истеҳсоли макаронҳои ҳархела, истеҳсоли маҳсулотҳои кондитери (пичени ва кекс) ва   истеҳсоли нушокиҳои гайриспиртӣ, аз ҷумла:  обҳои ранга ва шарбатҳои кудакона» дар ҳудуди МОИ “Панҷ” табрик намуда ва ба директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умеди Сабз” – Амири Моҳаммад Моҳсин “Тасдиқнома”-и субъекти МОИ “Панҷ” супорида шуд, ва ҳамчун Субъект дар руйхати субъектҳои МОИ “Панҷ” ворид карда мешавад.

       Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” кушишу малакаи худро баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ба минтақаи мазкур равона намудааст.

       Аз тарафи роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” директори ширкати мазкурро бо соҳиб шудани “Тасдиқнома”-и субъекти МОИ “Панҷ” табрик намуда, ва супориш дода шуд, ки ҳар чи зудтар тибки лоиҳаҳои тасдиқгардида корҳоро ҷоннок намуда ва то охири ҳамин сол истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монад.