Вохурии роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”

        Дар санаи 19.07.2023 сол  роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия – Муҳаммад Нодир ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон – Парвиз Мур, ки аз тарафи довталаби МОИ “Панҷ” директори “Хайрхоҳ Тамаддун” – Шоҳ Маҳмуд Назари ҷаҳд шудаанд ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд. Мақсади ташриф овардани сармоягузор ин шинос шудан аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва ба роҳ мондани корхонаи истеҳсолӣ дар МОИ “Панҷ” мебошад.

         Дар рафти вохури аз тарафи Сардори Шўъбаи  муносибатҳои  байналхалқии Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Садирова Гулноза аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ “Панҷ” оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин соҳибкорон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

         Соҳибкор аз  Ҷумҳурии Туркия – Муҳаммад Нодир изҳори ҳавасманди намуд, ки дар МОИ “Панҷ” меҳмонхона сохта ба истифода диҳад ва соҳибкор аз Ҷумҳурии Қазоқистон – Парвиз Мур изҳор  намуданд, ки  корхонаи текстилро мехоҳад ба роҳ монад, ки тибқи нақша ва лоиҳаи сармоягузори  сохтмони  корхона маблағи 3.0 млн. дол. ИМАро дар бар мегирад ва тақрибан аз 3000 то 5000 ҳазор ҷои кор муҳайё карда мешавад.

        Дар охир соҳибкорон изҳор намуданд, ки баъди ба мувофиқа омадан бо шарикони худ, оиди  сохта ба истифода додани корхонаи текстил ва меҳмонхона ба Маъмурияти  МОИ  нақша ва лоиҳаи сармоягузориҳои худро барои субъекти МОИ “Панҷ” шудан пешниҳод  менамояд.