Вохурии роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо роҳбари Ширкати “Полифайн Хемфарма” – Наим Шаҳзод ва дигар соҳибкорон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”

        Дар санаи 19.07.2023 сол  роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Мумин Илҳом Камол бо роҳбари Ширкати “Полифайн Хемфарма” – Наим Шаҳзод ва дигар соҳибкорон аз минтақаи саноатии Ҳайётобод, Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд, вохури ба анҷом расонида шуд. Мақсади ташриф овардани сармоягузор ин шинос шудан аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва ба роҳ мондани корхонаи истеҳсолӣ дар МОИ “Панҷ” мебошад.

         Дар рафти вохури аз тарафи Сардори Шўъбаи  муносибатњои  байналхалќии Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Садирова Гулноза аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ “Панҷ” оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин соҳибкорон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

         Дар рафти суҳбат, роҳбари Ширкати “Полифайн Хемфарма” – Наим Шаҳзод суханрони намуда ахборот дод, ки Ширкати мо тасмим гирифтааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолӣ дорубарориро ба роҳ монад. Тибқи нақша ва лоиҳаҳои сармоягузори маблағи корхона 3.0 млн. доллари ИМАро дар бар мегирад. Ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи мувофиқро барои худ интихоб намоем.

         Ҳамзамон, сармоягузорон ваъда доданд, ки дар вақти мувофиқакунони бо саҳмдорон оиди сохта ба истифода додани корхонаи дорубурори, кушиш менамоянд, ки МОИ “Панҷ”-ро интихоб намоянд, зеро, ки МОИ “Панҷ” дар назди сарҳад Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, ва барои ташкил намудани корхонаи дорубарори мувофиқ мебошад.

        Дар охир соҳибкорон изҳор намуданд, ки баъди ба мувофиқа омадан бо саҳмдорон ба Маъмурияти  МОИ  нақша ва лоиҳаи сармоягузориҳои худро барои субъекти МОИ “Панҷ” шудан пешниҳод  менамояд.