Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар мехмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе вохурии дучониба дар ғошияи “Форуми сармоягузорию саноатии Тоҷикистону Чехия”

         Дар  санаи  17.07.2023  сол  дар   мехмонхонаи  “Хаят  Реченси”-и шахри Душанбе  вохурии  дучониба  дар гошияи  “Форуми  сармоягузорию саноатии Тоҷикистону Чехия”  баргузор  гардид, ки  дар ин чорабинии мазкур  ба  ҳамаи намояндагон ва меҳмонон   буклетҳои  МОИ “Панҷ” тақдим карда шуд. Дар  чорабинии мазкур дар вақти  ҷудонамуда  барои вохуриҳои  дуҷониба  намояндагони Маъмурият бо намояндаи ширкати  истеҳсолкунанда  ва содиркунандаи  тухмҳои  инкубациони  OOO “Т&Трейд”- Микола Тиводар  вохурии  В2В  баргузор карда  шуд. Дар вақти   вохури  аз тарафи  намояндагони МОИ “Панҷ” пешниход гардид, ки  бинобар сол ба сол  ру  ба зиёдшави фермаҳои парандапарвари  дар ҷумхурӣ, ташкил намудани   корхонаи истеҳсол  ва содиркунанда  тухмҳои  инкубационро ба роҳ монад. Дар чавоб намояндаи ширкати дар боло зикргардида Микола Тиводар изҳор намуд, ки  баъди  омузиши   ҳаматарафа  ва дарёфт кардани  шарикон ва харидорони махсулотҳояшон  дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он барои   ташкил кардани  корхона  лоихаи  худро ба МОИ  пешниход менамояд.

       Дар вохурии дигари В2В  бо  намояндаи ширкати  истеҳсолию содиротии  техникаи  маиши OOO “Группа Кротека” – Милан Костецка баргузор шуд.  Дар вакти   вохури  аз тарафи  МОИ пешниҳод гардид, ки  бинобар сол ба сол  ру  ба зиёдшавии талабот  ба  техника ва таҷҳизотҳои  маиши дар саросари олам ташкил намудани корхонаи истеҳсолӣ ин намуди махсулотро  ба роҳ монад. Дар  чавоб  Милан Костецка  изҳор намуданд,ки  баъди  омузиши   ҳаматарафа  ва дарёфт кардани  шарикон ва харидорони махсулотҳояшон  дар дохили кишвар ва берун аз он барои ташкил кардани  корхонаи муштарак  лоихаи  худро ба МОИ  пешниҳод менамояд.