Суҳбати Муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомушов Икром тавасути алоқаи мобили ва видеои (ватсап) бо намояндаи ширкати логистикии байналмилалии АТОО (Қазокистон-Чин-Қиргизистон-Узбекистон) – Эркинбек

           Дар санаи 14.07.2023 сол  тавасути  алоқаи мобили ва видеои (ватсап) бо намояндаи  ширкати   логистикии байналмилалии  АТОО (Қазокистон-Чин-Қиргизистон-Узбекистон) – Эркинбек  суҳбати телефони баргузо карда шуд. Дар рафти  суҳбат  муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомушов Икром  оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин, намояндаи ширкати мазкур ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

       Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти Маъмурият оиди рушду равнақ додани тиҷорати логистикӣ дар МОИ “Панҷ” суханрони карда шуд, ва ба самъи намояндаи  ширкати   логистикии байналмилалии  АТОО (Қазокистон-Чин-Қиргизистон-Узбекистон) – Эркинбек расонида шуд, ки Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар назди сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир буда барои ҳамлу нақли молҳои тиҷоратӣ, тариқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ба бозори ин кишвар ва ба бозорҳои Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Ҳиндустон ва Эрон низ кашонидани молу маҳсулот  хело муфид мебошад.

        Дар охири   суҳбат  намояндаи ширкати болозикр изҳор намуданд, ки рӯзҳои наздик  ба Ҷумҳурии Точикистон  сафари корӣ доранд ва аз МОИ “Панҷ” дидан менамоянд,  ва баъд аз дидан аз минтақа ба хулосае хоҳад омад.