Вохурии роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо шаҳрванди ҶТ бо номи Шаҳбоз, ки сармоягузорони Афғонтаборонро, ки айни замон дар шаҳри Дубаи Аморати Муттаҳидаи Араб кору фаъолият доранд, Ҳамид Аҳмад Ҳамид ва Вазири Аҳмад Уллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги мекунад.

          Дар  санаи 11 июли соли 2023 дар утоқи кории Маъмурияти МОИ “Панҷ”, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, бо шаҳрванди ҶТ бо номи Шаҳбоз, ки сармоягузорони Афғонтаборро, ки айни замон дар шаҳри Дубаи Аморати Муттаҳидаи Араб кору фаъолият доранд,  Ҳамид Аҳмад Ҳамид ва Вазири Аҳмад Уллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги мекунад, вохури ва инчунин бо худи сармоягузорони болозикр бо алоқаи видеои суҳбат ба анҷом расонида шуд.

       Дар  рафти суҳбат сармоягузорон оиди саволҳои додаашон  ҷавобҳои мушаххас гирифта, тариқи  алоқаи видеои призентатсияи МОИ “Панҷ” равона карда шуд, ва инчунин оиди фаъолият дар ҳудуди МОИ «Панҷ»,  Қонуни ҶТ “дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва оиди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ дар МОИ “Панҷ” маълумоти пурра  дода  шуд.

      Сармоягузорони Афғонтабор  изҳор намуд, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон корхонаҳои худро доранд, ва мехоҳанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корхонаҳои худро ба роҳ монанд.

      Ҳамзамон, Ҳамид Аҳмад Ҳамид изҳор намуд, ки корхонаи уребчабарори (подгузники кудакона) ва Вазири Аҳмад Уллаҳ изҳор намуд, ки корхонаи мебелбарориро дар МОИ “Панҷ”  ба роҳ монанд. Дар натиҷа бо ҳар ду сармоягузор “Ёддошти Тафоҳум” ба имзо расонида шуда барои даъвати  сохибкорон ба Сарраёсати Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ  мактуб ирсол  карда  шуд.