Иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар мехмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар вохурии дучониба дар ғошияи “Форуми саҳибкории Тоҷикистону Вилояти Синдзияни ҶМ Чин”

Дар  санаи  10.07.2023  сол  дар   мехмонхонаи  “Хаят  Реченси”-и шаҳри Душанбе  вохурии  дуҷониба  дар ғошияи  Форуми соҳибкории «Тоҷикистону Вилояти Синдзияни  ҶМ Чин»  баргузор  гардид, ки  дар ин чорабини  ба   ҳамаи соҳибкорону мехмонон   буклетҳои  МОИ тақдим карда шуд.   Дар ин чорабинии мазкур, вохуриҳои В2В баргузор карда шуд, ки дар он муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомушов Икром бо намояндаи ширкати  истеҳсоли маводҳои сохтмонию кишоварзӣ  ва хизматрасонии логистикии  ООО “Тянье”-и  Синдзиян  вохурихои  дучониба  баргузор карда  шуд.   Дар рафти вохури намояндагони ин ширкати мазкур  оиди  МОИ “Панч” маълумоти  мухтасар  гирифтанд.  Аз тарафи муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” – Хомушов Икром пешниҳод карда шуд, ки  бинобар сабаби   дар назди сархад чойгир будани  МОИ “Панҷ” маркази хизматрасонии логистики  ташкил карда  шавад.  Намояндагони  ширкат  ҳам  пешниходро  хуб  пазируфта  изҳор карданд, ки  дар  оянда  баъди  омузиши   хаматарафа  ва дарёфт кардани  шарикон ва харидорони махсулотхояшон  дар дохил ва хоричи наздик  барои   ташкил кардани маркази логистикию хизматрасони  ва сохта ба истифода додани анборхои нигохдории молу махсулоташон   дар  МОИ  накшахои  худро пешниход  менамоянд.