Вохурии муовини роҳбари МОИ “Панҷ” Хомушов Икром бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Меҳриддин дар Маъмурияти МОИ “Панҷ”

         Дар санаи 25.06.2023 сол  яке аз соҳибкорони  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Меҳриддин  ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд. Мақсади ташриф овардани сармоягузор ин шинос шудан аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ дар МОИ “Панҷ” мебошад.

         Дар рафти вохури аз тарафи муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомушов Икром аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ “Панҷ” оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи  минтақаи озоди  иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”  ва вазъи  кунунии  минтақа маълумоти муфасал  ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.

         Соҳибкори  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Меҳриддин изҳор  намуданд, ки  дар  ояндаи наздик  бо таҳия намудани  нақшаи  тиҷоратӣ  оиди   ташкил намудани  корхонаи истехсолӣ  кабелҳо  ва  ноқилҳои  барқии  руйпушкардашуда нақшаи тиҷоратии  худро  ба  Маъмурияти  МОИ  пешниҳод  менамояд, ва ҳамчун субъект дар МОИ “Панҷ” худро ба қайд мегирад.